Аз сабаби таъмири нақби «Истиқлол» ҳаракати мошинҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд мешавад

Бар пайи оғози корҳои таъмиру таҷдид дар нақби «Истиқлол» ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе- Хуҷанд маҳдуд карда мешавад, хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз шӯъбаи БДА-и ноҳияи Айнӣ. Ба гуфтаи сардори шуъба Боирҷон Додоҷонов, аз имрӯз корҳои таъмирӣ оғоз шуда, аз ин рӯ, ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт тариқи нақби «Истиқлол» сар аз […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Бар пайи оғози корҳои таъмиру таҷдид дар нақби «Истиқлол» ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе- Хуҷанд маҳдуд карда мешавад, хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз шӯъбаи БДА-и ноҳияи Айнӣ.

Ба гуфтаи сардори шуъба Боирҷон Додоҷонов, аз имрӯз корҳои таъмирӣ оғоз шуда, аз ин рӯ, ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт тариқи нақби «Истиқлол» сар аз имрӯз аз соати 6:00 то 12:30 аз самти Хуҷанд ба Душанбе манъ карда шуд.

“Аз соати 12:30 то 19:00 аз самти Душанбе ба Хуҷанд ҳаракати нақлиёт манъ карда мешавад, – гуфт Додоҷонов. – Дар ин соатҳо ҳаракати роҳ дар дохили нақб яксамта сурат мегирад”

Сардори шуъбаи БДА зикр кард, ки аз соати 19:00 бегоҳӣ то соати 6:00 – саҳарӣ роҳ ба ду самт комилан боз шуда, ҳаракати воситаи нақлиёт бе мамониат сурат мегирад, чун шабона корҳои таъмирӣ гузаронида намешаванд.

Зимнан зикр шуд, ки ин кор дар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифта, корҳои таъмир метавонанд то 3 моҳ давом ёбанд.

«Дар нақби «Истиқлол» дар доираи корҳои таъмирӣ чароғ, камераҳои назоратӣ ва барои тоза кардани ҳавои дохили нақб ҳавотозакунакҳо насб карда мешаванд”, – илова намуд Додоҷонов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.