Эмомалӣ Раҳмон: Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон 3,3 млн ҷойи корӣ таъсис дода шуд

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имрӯзааш ба Маҷлиси Олӣ эълон кард, ки тайи 20 соли ахир рушди иқтисод ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,5% таъмин шуда, даромади буҷет аз 252 млн сомонӣ то 28 млрд сомонӣ расид. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар аз 1,8 млрд сомонӣ дар соли 2000-ум то ба 5 млрд сомонӣ дар соли 2021 […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имрӯзааш ба Маҷлиси Олӣ эълон кард, ки тайи 20 соли ахир рушди иқтисод ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,5% таъмин шуда, даромади буҷет аз 252 млн сомонӣ то 28 млрд сомонӣ расид.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар аз 1,8 млрд сомонӣ дар соли 2000-ум то ба 5 млрд сомонӣ дар соли 2021 афзуд.

Яъне дар ин давра маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар, ҳаҷми буҷети давлатӣ – 111 баробар ва ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ – зиёда аз 30 баробар афзуд.

Президент ҳамчунин зикр кард, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ барои 1,4 млн оила барои сохтмони манзил 138 гектар қитъаи замин ҷудо карда шуд.

“Зиёда аз 8 млн 800 ҳазор шаҳрвнадони ҷумҳурӣ имкон пайдо намуданд, ки шароити зиндагиашонро беҳтар созанд. Хотиррасон мекунам, ки давоми 70 соли то истиқлолият ба аҳолӣ ҳамагӣ 77 ҳазор гектар замин ҷудо шуда буд”, – гуфт ӯ.

Сарвари давлат ҳамчунин таъкид дошт, ки соли 1991 дар Тоҷикистон 216 ҳазор автомобилҳои шахсӣ ба қайд гирифта шуда, имрӯз шумори онҳо ба зиёда аз 2 млн адад расидааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор намуд, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар 3,3 млн ҷойҳои корӣ таъсис дода шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.