Тоҷикистон: арчаи солинавӣ дар мактабҳо манъ, аммо дар боғчаҳо иҷоза аст

Дар Тоҷикистон гузоштани арчаи солинавӣ дар мактабҳои миёна манъ шуд. Ин тасмимро дар раёсати маорифи шаҳри Душанбе ба "Азия-Плюс" таъйид карданд. Аммо аз ин ниҳод гуфтанд, ки гузоштаи арчаи солинавӣ дар боғчаҳо иҷозат аст.  Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар авоили моҳи декабр, чун анъана, баҳс дар бораи баргузории ҷашнҳои солинавӣ дар мактабҳо ва муассисаҳои томактабии Тоҷикистон оғоз шуд. […]

Манзума Фируз, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон гузоштани арчаи солинавӣ дар мактабҳои миёна манъ шуд. Ин тасмимро дар раёсати маорифи шаҳри Душанбе ба "Азия-Плюс" таъйид карданд. Аммо аз ин ниҳод гуфтанд, ки гузоштаи арчаи солинавӣ дар боғчаҳо иҷозат аст. 

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар авоили моҳи декабр, чун анъана, баҳс дар бораи баргузории ҷашнҳои солинавӣ дар мактабҳо ва муассисаҳои томактабии Тоҷикистон оғоз шуд. Бархе аз волидон ва хонандагон умедвор буданд, ки ба онҳо ҷашнгирии солинав иҷоза дода мешавад. 

Раёсати маорифи шаҳри Душанбе мегӯяд, ки ба ифтихори Соли Нави мелодӣ барномаҳои солинавӣ на танҳо дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ гузаронида мешавад, имкон дорад, ки озмунҳои фарҳангӣ ва шеърхониву расмкашӣ баргузор шавад. Вале ин бояд дар доираи дарсҳои тарбиявӣ гузаронида шаванд.

Асомиддин Бобозода, муовини сардори Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳарчанд барномаҳои ҷашнӣ дар дарсҳои тарбиявӣ иҷозат шуда боша, вале насб кардани  арчаии солинавӣ дар мактабҳо манъ шудааст.

"Ин ҳама ба хотири таъмини амнияти кӯдакон ва ҷилавгирӣ аз издиҳом ва аз ҳар гуна омиле, ки ба раванди таълим халал мерасонад, анҷом дода шудааст",-гуфт Бобозода.

Номбурда афзуд, ки то ҳоло дар чаҳор ноҳияи Душанбе арчаҳои солинавӣ гузошта шуда, барномаҳои тафреҳӣ роҳандозӣ шудаанд, то мактаббачагон бо волидонашон истироҳат кунанд. Аммо дар муассисаҳои томактабӣ омода намудани барномаҳои солинавӣ ва гузоштани арчаҳои солинавӣ маҳдудияте  вуҷуд надорад, – гуфт Бобозода.

Ҳамчунин дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар мавриди маҳдудиятҳо ё иҷозати насби арчаи ҷашнӣ соли равон дар ин бора супориши нав ворид нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2012 Вазорати маориф ва илм мухолифи таҷлили соли нави милодӣ дар мактабҳо буд. Қаблан вазорат тасмими худро бо дархости волидайне, ки аз ҷамъоварии маблағ дар рӯзҳои таҷлили солинавӣ шикоят кардаанд, марбут дониста буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио