Гумонбарии сокини Душанбе дар 40 ҳолати дуздӣ аз мошинҳо

Милитсияи шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар 40 ҳолати дуздӣ сокини 21-солаи пойтахт Умед Каримовро боздошт намуд. Тавре ки дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, Каримов дар содир намудани зиёда аз 40 ҳолати ҷинояти дуздӣ аз автомашинаҳо гумонбар дониста мешавад. Маблағи зиёни расида ба соҳибони автомашинаҳо аз 1 ҳазор сомонӣ то […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Милитсияи шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар 40 ҳолати дуздӣ сокини 21-солаи пойтахт Умед Каримовро боздошт намуд.

Тавре ки дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, Каримов дар содир намудани зиёда аз 40 ҳолати ҷинояти дуздӣ аз автомашинаҳо гумонбар дониста мешавад. Маблағи зиёни расида ба соҳибони автомашинаҳо аз 1 ҳазор сомонӣ то 10 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мешавад.

Гуфта мешавад, бар асоси зиёд шудани шумори муроҷиатҳо аз ҷониби шаҳрвандон дар бораи шикастани оинаҳои автомашинаҳо бо мақсади дуздӣ кормандони милитсия як силсила амалиёт роҳандозӣ намуданд.

Ба иттилои манбаъ, Каримов сокини кӯчаи Маяковскии пойтахт буда, қаблан ҳам барои дуздӣ маҳкум шудааст.

Дар ҷараёни тафтишот муайян карда шудааст, ки ӯ шабона ба “шикор” мебаромадааст. Ӯ асосан шишаҳои паҳлуи автомашинаҳоро шикаста, маблағҳои пулӣ ва дигар ашёи арзишмандро аз дохили автомашинаҳо тасарруф ва аз они худ мекардааст.

“Тавре маълум шуд, танҳо дар як шаб дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Сино боздоштшуда шишаҳои паҳлӯи дари 8 мошинро шикаста, ба моликони онҳо зарари моддӣ расонидааст. Чунончи, аз автомашинаи тамғаи «Хундай», ки ба як нафар сокини пойтахт тааллуқ дорад ва дар назди бинои истиқоматиаш меистод, оинаи қисмати чапашро шикаста аз дохилаш 5 ҳазору 600 сомонӣ маблағи нақдро тасарруф ва аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад”, – зикр мешавад дар хабари Раёсати ВКД дар пойтахт.

Гуфта мешавад, нисбат ба боздоштшуда мутобиқи моддаи “244 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Дуздӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот ҷараён дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.