Ба паноҳандагони афғон дар Тоҷикистон маводи тиббӣ кумак шуд

Бунёди амрикоии «Americares» дар якҷогӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон  барои гурезагон ва паноҳандагони афғон дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз  1,2 млн доллари америкоӣ  маводи тиббӣ додаст. Дар ин бора Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар хабар медиҳад. Манбаъ мегӯяд, ин мавод тавассути Ташкилоти ҷамъиятии Авасто“ ба Тоҷикистон  оварда шуда, шурӯъ, аз моҳи январи соли 2022 он […]

Бунёди амрикоии «Americares» дар якҷогӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон  барои гурезагон ва паноҳандагони афғон дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз  1,2 млн доллари америкоӣ  маводи тиббӣ додаст. Дар ин бора Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар хабар медиҳад.

Манбаъ мегӯяд, ин мавод тавассути Ташкилоти ҷамъиятии Авасто“ ба Тоҷикистон  оварда шуда, шурӯъ, аз моҳи январи соли 2022 он ба гурезагон ва паноҳандагони афғон дастрас мегардад.

“Маводи тиббӣ фарогирӣ 60 номгӯй, аз қабили доруворӣо, андитеприсант, маводи дӯхт, сӯзандоруҳои андозашон ҳаҷмҳои гуногун, бандажҳои эластикӣ, тоскулоҳҳои муҳофизатӣ, маводи муҳофизатӣ аз нурҳои рентгенӣ, маҷмӯъ барои гирифтани хун ва ғайраҳо мебошанд”, – мегӯяд манбаъ.

Роҳбари Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Баҳодур Қурбониён дар маросими тақдими мавод зикр намуд, ки имрӯз Афғонистон, мутаассифона, гирифтори буҳрони амиқи сиёсӣ ва гуманитарӣ мебошад, ки метавонад оқибатҳои ҷиддии дарозмуддатро ба бор оварад.

Дар маросими тақдими маводи тиббӣ Баҳодур Қурбониён, муовини Раиси ҲХДТ Хайриниссо Юсуфӣ, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳири Ағбар, муовини Раиси ТҶХ «Авасто» Ҳилола Қаҳҳорова, намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок карданд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.