Имсол дар майдони “Дӯстӣ”-и пойтахт 9 декабр арчаи асосии солинавии кишвар қомат афрохт. Агар имсол он сербозича набошад ҳам, лекин хеле бузург аст – бо баландии 30 метр ва масоҳати 16,5 метр.
Қобили зикр аст, ки бори нахуст арчаи солинавии пойтахт бо намои расонаӣ (медиафасад) зебу оро дода шудааст, ки аз 200 ҳазор лампаҳои светодиодӣ иборат аст. Шабона он ба мисли як навори гузарон бо суратҳои гуногуни солинавӣ ва миллӣ ба назар мерасад.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ арчаи имсола мавриди баҳси зиёд қарор гирифта, касе ҷонибдори навгонӣ ва симои муосири онро истиқбол мекунад, лекин касоне ҳам ҳастанд, ки мегӯянд, “арча бояд арчаи табиӣ бошад” ва набояд онро ба экран табдил дод.
Тасмим гирифтем, ки суратҳои арчаҳои солинавиро, ки солҳои гуногун дар майдони марказии Душанбе гузошта шуда буданд, гирдоварӣ намоем.
Соли гузашта бар асари коронавирус баргузории чорабииҳои солинавиро манъ карда, ҳатто арчаи солинавӣ гузошта нашуд.
Соли 2019 арчаи солинавӣ чунин симо дошт. Баландии он 29 метр ва масоҳаташ 15 метрро ташкил дода, бо 16 ҳазор бозичаҳо зебу оро ёфта буд.
Соли 2018 арчаи солинавиро расо як моҳ пеш аз ид гузоштанд. Баландии он ба 28 метр ва масоҳаташ ба 13 метр баробар буд.
Ҳамон сол дар майдони “Дӯстӣ” бори нахуст ярмаркаи солинавӣ ба кор даромад, ки ярмаркаҳои пеш аз Соли нав дар Аврупоро ба хотир меовард.
Соли 2017 ба тоҷикистониён ҷашни Соли нав баргардонида шуд. То ин дам чунин ба назар мерасид, ки Тоҷикистон ин ҷашнро ба ҳамешагӣ аз даст медиҳад, аммо ногаҳон рӯзи 6-уми декабри соли 2017 дар майдони асосии Душанбе коргарон ба ҷамъоварии арчаи солинавӣ шурӯъ карда,, пас аз як рӯз арчаи солинавии зебову муосир омода шуд.
Як сол пеш аз ин арчаи солинавиро дар пойтахт ду рӯз пеш аз фарорасии Соли нав – 29 декабр гузошта, баландии он ба 20 метр баробар буд.
Соли 2015 симои арчаи солинавии пойтахт чунин буд. Он 28 декабр гузошта шуда, расо пас аз як ҳафта барканда шуд.
Дар ҷашни Соли нави 2015 арчаи солинавӣ дар майдони марказӣ чунин симо дошт. Баландии он ба 22 метр баробар буд.
Арчаи солинавии майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе дар соли 2012.
Соли 2006 сокинони шаҳри Душанбе Соли навро чунин ҷашн гирифтанд.
Арчаи солинавии соли 2003.
Соли навро дар Душанбе 18 сол пеш – соли 2002 ба ин тариқ таҷлил карданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.


