Душанбе аввалин шуда дар ОМ арчаи солинавӣ гузошт

Соли дуюм пайдарҳам аст, ки ҳукуматдорони Душанбе сокинони шаҳрро бо хеле барвақт аз фарорасии Соли нав гузоштани арчаи солинавӣ хурсанд месозанд. Имсол низ то 10 декабр корҳои гузоштан ва зебу зинати арчаи баландтарин дар таърихи кишвар (28 метр) ба анҷом расиданд. Ба корҳои гузоштан ва зебу зинат додани арчаи солинавии асосӣ дар Тоҷикистон мақомоти шаҳрдории […]

Asia-Plus

Соли дуюм пайдарҳам аст, ки ҳукуматдорони Душанбе сокинони шаҳрро бо хеле барвақт аз фарорасии Соли нав гузоштани арчаи солинавӣ хурсанд месозанд. Имсол низ то 10 декабр корҳои гузоштан ва зебу зинати арчаи баландтарин дар таърихи кишвар (28 метр) ба анҷом расиданд.

Ба корҳои гузоштан ва зебу зинат додани арчаи солинавии асосӣ дар Тоҷикистон мақомоти шаҳрдории Душанбе ҳанӯз як моҳ пеш аз фарорасии он оғоз намуд. Ин таҷриба аз соли гузашта, аз замони раиси шаҳри Душанбе таъин шудани Рустами Эмомалӣ рӯйи кор омад.

Қаблан рамзи иди Соли нави милодӣ ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз 31 декабр дар майдони “Дӯстӣ”қомат афрохта, аввалҳои моҳия январ барканда мешуд. Ба гунаи мисол, соли 2015 арчаи солинавиро 30 декабр гузошта, 2 январ онро барканда буданд.

Имсол арчаи солинавии пойтахт баландтарин дар таърихи Тоҷикистон хоҳад буд. Арчаи солинавӣ дар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе қомат афрохта, баландии он 28 метр ва масоҳаташ 13 метрро ташкил медиҳад.

Чун соли пешин арчаи аосии кишвар имсол низ светодиодӣ шуда, мувофиқи маълумоти дарёфтии “Азия-Плюс”, ин дафъа арчаи солинавии пойтахтро 14 ҳазор адад бозичаҳо зебу зинат ва оро медиҳанд.

Ҳамин тариқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ имсол арчаи солинавӣ аввалин шуда дар шаҳри Душанбе қомат афрохт.

Дар Бишкек имрӯз корҳои гузоштан ва зебу зинати арчаи солинавӣ ба итмом мерасанд. Баландии арчаи солинавии пойтахти Қирғизистон 25 метр ва масоҳаташ 12 метрро ташкил медиҳад. Дар шаҳрҳои Тошканд, Остона ва Ашқобод то ҳол чунин корҳо оғоз нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, дирӯз дар майдони”800-солагии Маскав”- шаҳри Душанбе лавҳаи зебои ҳаррангаи “Ман Душанберо дӯст медорам” низ ба кор даромад.

Қобили зикр аст, ки дар шаҳри Хуҷанд низ корҳои гузоштан ва зебу зинати арчаи солинавӣ бояд то 10 декабр ба анҷом расанд. Арчаи солинавии вилояти Суғд маъмулан дар майдони марказии шаҳр – “Ситораҳои Хуҷанд” қомат меафрозад.

Шоми 31 декабр, шаби фарорасии Соли нав дар майдони марказии Дӯстии пойтахт бо иштироки ҳунармандони маъруфи тоҷик консерти идона доир гардида, дар анҷоми он 5 дақиқа мушакафканӣ (фейерверк) сурат мегирад.

Мебояд гуфт, байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ сокинони Ӯзбекистон аз ҳама бештар дар ин ид истироҳат мекунанд. Сокинони Тоҷикистон дар ҷашни Соли нав ҳамагӣ як рӯзи истироҳат доранд: мутобиқи қонун “Дар бораи рӯзҳои ид”, дар ин ид танҳо рӯзи 1 январ истироҳат муқаррар шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.