Тарроҳони тоҷик дар намоишгоҳи ЭКСПО-2020 дар Дубай ширкаткунандагонро ба ҳайрат андохтанд

Тарроҳон (дизайнерон)-и тоҷик 24 декабр маҷмӯаи сарулибосҳои худро дар намоишгоҳи ЭКСПО-2020 дар Дубай намоиш доданд. Ин рӯз дар намоишгоҳ Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Тавре ки ба “Азия-Плюс” созмондиҳандаи ин намоиш, мудири кулли «Tajikistan Fashion Week» Тоҳир Иброҳимов хабар дод, барои намоиши мӯди миллӣ чор нафар тарроҳони тоҷик – Умед Кучкалиев, Нафиса Имронова, Гугуш […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Тарроҳон (дизайнерон)-и тоҷик 24 декабр маҷмӯаи сарулибосҳои худро дар намоишгоҳи ЭКСПО-2020 дар Дубай намоиш доданд. Ин рӯз дар намоишгоҳ Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” созмондиҳандаи ин намоиш, мудири кулли «Tajikistan Fashion Week» Тоҳир Иброҳимов хабар дод, барои намоиши мӯди миллӣ чор нафар тарроҳони тоҷик – Умед Кучкалиев, Нафиса Имронова, Гугуш Ашӯрова ва Фария Саидова интихоб шуданд.

Онҳо маҷмӯаи либосҳоро бо сабки миллии ҳар як минтақаи Тоҷикистон намоиш доданд.

Заргари ҷавон Кристина Иляс бренди миллии худро аз ҷавоҳироти нуқрагии YAS муаррифӣ кард.

Ба гуфтаи Иброҳимов, маҷмӯаи Тоҷикистон ба тамошогарони намоишгоҳ хеле писанд омад.

“Пас аз намоиш ҳозирин тақрибан як соат бо моделҳои мо аксбардорӣ карданд. Ин хеле зебо ва таъсирбахшу самимӣ буд”, – иброз дошт вай.

 

 

Зимнан зикр шуд, ки Умед Кучкалиев маҷмӯаи навшудаи худро бо номи “Арӯсак” иборат аз либоси тӯёнаи арӯсони тоҷик намоиш дод.

Нафиса Имронова маҷмӯаи либос ва орошоти навшудаи помириро ба маърази тамошо гузошт.

Гугуш Ашӯрова маҷмӯаи Суғди бостониро муаррифӣ кард, ки дар он аз нақшҳои қадимӣ, сарпӯш ва кулоҳҳо истифода шудааст.

Фария Саидова маҷмӯаи либосҳои миллии вилояти Хатлонро муаррифӣ кард.

Мудири кулли «Tajikistan Fashion Week» илова намуд, ки аз кори тарроҳони тоҷик хеле қаноатманд буда, дар оянда ба онҳо барору комёбӣ мехоҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.