Эмомалӣ Раҳмон бори чорум президенти Кумитаи миллии олимпӣ интихоб шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 28 декабр дар Душанбе маротибаи чорум президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуд. Тавре ки маркази матбуоти Кумита хабар медиҳад, Абдулло Раҳмонзода ва Дилшод Назаров ноибони президети Кумита интихоб шуда, Муҳаммадшо Абдуллозода ба сифати котиби генералӣ боқӣ монд. Екатерина Измайлова, Шоҳида Қаландарова, Абдулло Маҳмадализода, Ҳусейнҷон Саидов ва Нигина Хайруллоева ба […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 28 декабр дар Душанбе маротибаи чорум президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуд.

Тавре ки маркази матбуоти Кумита хабар медиҳад, Абдулло Раҳмонзода ва Дилшод Назаров ноибони президети Кумита интихоб шуда, Муҳаммадшо Абдуллозода ба сифати котиби генералӣ боқӣ монд.

Екатерина Измайлова, Шоҳида Қаландарова, Абдулло Маҳмадализода, Ҳусейнҷон Саидов ва Нигина Хайруллоева ба ҳайати кумитаи иҷроияи КМО шомил шуданд.

Гуфта мешавад, дар ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии 21-ум Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон  ҳисоботи Кумита  дар солҳои 2017-2021 шунида шуд.

Зикр шуд, ки дар ин давра 28 варзишгар аз дастгирии молиявии олимпӣ – Токио-2020 бархурдор шуданд, ки маблағи умумии барнома 278 ҳазору 800 долларри ИМА-ро ташкил дод.

Вобаста ба иштирок ва дастовардҳои варзишгарони ҷумҳурӣ дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ зикр шуд, ки дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ 3 медали биринҷӣ, дар Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ 51 медал (3 тилло, 14 нуқра, 34 биринҷӣ), дар Бозиҳои Осиё 7 медал (4 нуқра, 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.