Путин хостори гуфтугӯи телефонӣ бо Байден шуд

Президенти ИМА Ҷо Байден имрӯз, панҷшанбеи 30 декабр бо президенти Русия Владимир Путин гуфтугӯи телефонӣ анҷом хоҳад дод. Дар ин бора Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ бо такя ба расонаҳои амрикоӣ хабар медиҳад.  Расонаҳои амрикоӣ бо такя ба Шӯрои амнияти миллии ИМА хабар медиҳанд, ки  ин гуфтугӯро президенти Русия дархост кардааст. Эмил Хорн, раиси Шӯрои амнияти […]

Asia-Plus

Президенти ИМА Ҷо Байден имрӯз, панҷшанбеи 30 декабр бо президенти Русия Владимир Путин гуфтугӯи телефонӣ анҷом хоҳад дод. Дар ин бора Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ бо такя ба расонаҳои амрикоӣ хабар медиҳад. 

Расонаҳои амрикоӣ бо такя ба Шӯрои амнияти миллии ИМА хабар медиҳанд, ки  ин гуфтугӯро президенти Русия дархост кардааст. Эмил Хорн, раиси Шӯрои амнияти миллии ИМА гуфта, Байден ба гуфтугӯ розигӣ додааст, зеро "ба ин бовар аст, ки вақте қазия ба Русия рабт мегирад, гуфтугӯи мустақими ду роҳбарро чизи дигаре наметавонад, иваз кунад".

Рӯзи 17 декабр мақомоти Русия ду тарҳро дар мавриди кафолати бехатарӣ муаррифӣ карданд. Яке ба НАТО ирсол шудааст, дигарӣ ба ИМА. Талаби асосии Москва – даст кашидани НАТО аз густариш дар Шарқ, мушаххасан қабули аъзои нав аз ҳисоби кишварҳои пешини шӯравӣ ва насбу ҷо додани пойгоҳҳои низомӣ дар ҳудуди онҳо.

Москва талаби кафолатро дар ҳоле мекунад, ки муносибатҳояш бо Ғарб якбора шиддат гирифтаанд. Ғарб мақомоти Русияро дар омодагӣ ба ҳамла ба Украина ва ҷо додани неру дар марз бо ин кишвар айбдор мекунанд. Мақомоти ИМА гуфтанд, дар сурати ҳамлаи нави Русия ба истиқлоли Украина Москва ба таҳримҳои бесобиқа рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Бо ин вуҷуд, ҳукумати Байден гуфт, омодаи гуфтугӯ бо Русия ҳаст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.