Порлумон бо чӣ шарт корхонаи тоҷикиву чинии “Зарафшон”-ро 5 сол аз андозу гумрук озод кард?

Вакилони парлумони Тоҷикистон корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин “Зарафшон”-ро давоми 5 сол аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ озод карданд. Ин тасмим дирӯз, 29 декабр дар ҷаласаи охири парлумон дар соли 2021 гирифта шуд ва лоиҳаи қонун якдилона аз ҷониби онҳо қабул шуд. Ин ширкат барои сохтмони корхонаи коркарди тилло ва мис ва коркарди конҳои "Таррор" […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Вакилони парлумони Тоҷикистон корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин “Зарафшон”-ро давоми 5 сол аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ озод карданд. Ин тасмим дирӯз, 29 декабр дар ҷаласаи охири парлумон дар соли 2021 гирифта шуд ва лоиҳаи қонун якдилона аз ҷониби онҳо қабул шуд.

Ин ширкат барои сохтмони корхонаи коркарди тилло ва мис ва коркарди конҳои "Таррор" ва "Ҷилав" дар Панҷакент аз имтиёзҳо бархурдор гардид.

Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар шарҳи лоиҳаи қарор дар назди вакилон ҳадаф аз созишномаро ба роҳ мондани коркарди хокаи маъдан дар кишвар номид ва гуфт созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва корхонаи муштараки "Зарафшон" ба муҳлати 10 сол ба имзо расид.

– Ҳоло корхонаҳо бештар хокаро мебароварданд ва коркард намекарданд. Шарти муҳим сохтмони корхонаи металлургӣ дар дохили Тоҷикистон буд. Гуфтем, ки коркарди ниҳоӣ дар дохили кишвар шавад,- гуфт Қодирзода.

Ба гуфтаи номбурда, корхонаро бо 117 миллион доллар то соли 2023 хоҳанд сохт. Саҳми ҳукумат дар ин тарҳ 30 дарсад ва корхонаи "Зарафшон" 70 дарсад гуфта шудааст. Бар асоси тарҳ, дар як сол коркарди 165 ҳазор тонна хокаи маъданро дар назар доранд.

Дар ҷаласаи парлумон бархе вакилони Маҷлиси намояндагон хоҳони он шуданд, ки корхонаи “Зарафшон” ҳангоми бунёди корхонаи нав дар Панҷакент меъёрҳои ҳифзи муҳити зистро риоя кунад. Дар посух раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ гуфт, ки риояи ҳатмии меъёрҳои экологӣ аз сӯи корхона дар созишнома зикр шудааст.

Қобили зикр аст, ки зиёда аз 70%-и тиллои дар Тоҷикистон истеҳсолшуда ба корхонаи муштараки “Зарафшон” рост меояд.

ҶДММ КМ «Зарафшон» моҳи сентябри соли 1994 таъсис ёфтааст. 75% саҳмияҳои корхона ба ширкати чинии “Zijin Mining Group Co. Ltd” ва 25% ба ҳукумати Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Корхона бузургтарин конҳои тилои Тоҷикистон – “Тарор” ва “Ҷилав”-ро, ки дар 44-километрии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ҷойгиранд, коркард мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.