Хонандаҳои азиз!
Соли гузашта, ба мисли солҳои пешин лабрези ҳаводиси фоҷиавию хушбинона ва пурбаҳсу дар баъзе лаҳзаҳо нофаҳмо буд. Аксари ин ҳаводис дар ҷомеаи мо ба таври густарда ба баҳс кашида шуданд, ҳамчунин дар саҳфаҳои «Азия-Плюс» низ.
Мо талош кардем, ки дар давоми сол барои шумо хабарҳо муҳимро бирсонем ва ҳамроҳ бо шумо муҳимтаринҳои онҳоро баррасӣ кунем. Бештари мавзуъҳоро барои мо, шумо хонандаҳои мо пешниҳод кардед, ки барои ин ташаккур мекунем. Аз шумо барои саволҳои матраҳкарда, барои муроҷиатҳои бамавқеъ ва омода кардани матолиби ҷудогона миннатдорем.
Шумо ойинаи “Азия-Плюс” ҳастед ва мо умедворем, ки дар соли нав низ бо ҳам доғтарин мавзуъҳои ҷомеи худро пӯшиш медиҳем.
Бе шумо ва бидуни пуштибонии шумо мо наметавонистем рушд кунем. Ҳарчанд бо иштибоҳҳо пеш меравем, вале ин ҳам як роҳи душвори расидан ба муваффақият аст.
Мо бовар дорем, ки ин сол барои мову кишвари мо як соли пур аз дастовард хоҳад буд. Мо ҷавонем, медонем, ки барои чӣ чизе талош мекунем, мо ҳадафҳоро мушаххас кардаем ва барои дастёбӣ ба онҳо ҷаҳд дорем.
Бигзор соли нав ҳаводиси саропо хушӣ, эҳсосҳои мусбат, бозёфтҳои наву давстовардҳои бисёре биоварад. Бигзор дар хонадони шумо ҳамеша фазои мусбат, ишқ ва самимият ҳукмфармо бошад. Бигзор ҳар рӯзи шумо лабрези саъодату бовармандӣ ба фардои беҳтар бошад.
Мо хеле мехоҳем, ки орзуи асливу асосии мо – сулҳ дар кишвар барои ҳамеша побарҷо бошад. Саломату хушҳол бошед.
Соли нав муборак!
Бо эҳтиром, аҳли қалами “Азия-Плюс”


