КҲФ: Ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои кӯҳӣ барқарор шуда, лекин хатари тармафароӣ боқӣ мемонад

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон барқарор шуда, лекин хатари зиёди тармафароӣ ва сангреза боқӣ мемонад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ. Бино ба маълумоти Кумита, аз ҷумла дар қитъаи аз 2 то 27-ум километри роҳи Рашт-Сангвор, ки тариқи қаламрави мавзеи Лаби-Ҷар мегузарад, бар асари боришоти зиёд тармаҳо фаромадаанд. Барои тозакунии […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон барқарор шуда, лекин хатари зиёди тармафароӣ ва сангреза боқӣ мемонад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

Бино ба маълумоти Кумита, аз ҷумла дар қитъаи аз 2 то 27-ум километри роҳи Рашт-Сангвор, ки тариқи қаламрави мавзеи Лаби-Ҷар мегузарад, бар асари боришоти зиёд тармаҳо фаромадаанд.

Барои тозакунии роҳ 5 техникаи хадамоти нигаҳбонии роҳи Вазорати нақлиёт ҷалб шуда, айни замон роҳ тоза ва ҳаракати нақлиёт барқарор шудааст.

Бар асари фаромадани тармафароиҳо талафоти ҷонӣ ва осеби иншоот ба қайд гирифта нашудааст.

Дар КҲФ зикр мекунанд, ки дар қитъаҳои бештар осебпазири роҳҳои Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Хоруғ барои таъмини бехатарии аҳолӣ аз ҳисоби имдодгарони КҲФ ва кормандони БДА постгоҳҳои навбатдорӣ амал мекунанд.

КҲФ ба такрор ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бар асари барфборӣ, тармафароӣ, барфпӯш ва ҳолатҳои яхбандӣ шудани роҳ, дар ноҳияҳои ВМКБ, кӯҳҳои қаторкӯҳи Ҳисор, инчунин қитъаҳои роҳҳои мошингарди  Душанбе – Чанок, Душанбе – Рашт – Лахш, Душанбе – Сангвор, , Кӯлоб – Дарвоз,  Ванҷ – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим ва Хоруғ – Мурғоб хатари лағзиши тарма боқӣ мондааст.

Кумита  бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш ва бахусус ҳалокати одамон аз аҳолӣ ва меҳмонони кишвар бо эҳтиром хоҳиш мекунад бе зарурат аз тариқи роҳҳои ағба ва минтақаҳои тармахез сафар накунанд.

Аз аҳолии минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ хоҳиш мешавад муддате то бартараф шудани хафву хатари лағзиши тарма аз ҷамъоварии ҳезум, чорвочаронӣ, шикор ва моҳидорӣ худдорӣ намоянд.

Дар сурати рух додани ҳодисаҳои нохуш, шаҳрвандон ба телефонҳои 112 ё 93 880 28 19 муроҷиат карда метавонанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.