Рустами Эмомалӣ аз Агентии зиддифасод санҷиши фаъолияти молиявии шаҳрдориро дархост кард

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дархост намуд, ки фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомоти шаҳрдорӣ дар соли 2021 мавриди санҷиш қарор дода шавад. Тавре ки дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, дархост бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дархост намуд, ки фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомоти шаҳрдорӣ дар соли 2021 мавриди санҷиш қарор дода шавад.

Тавре ки дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, дархост бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фиристода шудааст.

Ёдрас мекунем, ки Рустами Эмомалӣ бори аввал охири моҳи январи соли 2018 бо чунин дархост ба Агентии зиддифасод муроҷиат намуда буд.

Он замон ӯ дархост намуда буд, ки ба масъалаи арзу шикояти шаҳрвандон дар мавриди азхудкунии воситаҳои буҷет дар мқомоти шаҳрдорӣ, бахусус дар доираи амалисозии лоиҳаи “Сохтмони манзили дастрас” рӯшанӣ андохта шавад.

Баъдан масъалаи хароҷоти воситаҳои буҷет дар 69 иншооти мавриди сохтмон қарордошта ва қаблан мавриди истифода қароргирифта санҷида шуда, дар ин иншоот ба маблағи умумии 7,8 млн. сомонӣ ҳолатҳои изофанависӣ ошкор шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.