Нахустин сафири муқимии Курёи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки нахустин сафири Фавқулода ва Мухтори Куриёи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон Квон Донг Сок нусхаи эътимодномаи худро ба  ин ниҳод супурдааст. Нусхаи эътимодномаи сафири Курёро имрӯз, 7-уми январи 2022 муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фарҳод Салим қабул кардааст. Аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки то вақт […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки нахустин сафири Фавқулода ва Мухтори Куриёи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон Квон Донг Сок нусхаи эътимодномаи худро ба  ин ниҳод супурдааст.

Нусхаи эътимодномаи сафири Курёро имрӯз, 7-уми январи 2022 муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фарҳод Салим қабул кардааст.

Аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки то вақт сафирони Куриё ба унвони сафирони ғайримуқимӣ дар Тоҷикистон таъин мешуданд. Аммо акнун Квон Донг Сок нахустин сафири муқимии Куриё дар Душанбе хоҳад буд.

Сафири нахустини Куриё дар Душанбе зимини мулоқот бо Фарҳод Салим дар мавриди ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули назар намуданд.

Ҷонибҳо алоқамандии худро барои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, маориф ва ғайра изҳор доштанд.

Равобити дипломатии Тоҷикистону Куриё 27 апрели 1992 барқарор шудаанд. Сафорати Тоҷикистон дар Куриё моҳи апрели 2015 ифтитоҳ шуда Сафорати Куриё дар Тоҷикистон дар сатҳи кордор соли 2008 боз шудааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.