Раисҷумҳури Қазоқистон гуфт сохти конститутсионӣ дар кишвар барқарор шудааст

Раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар ҷаласаи ситоди мубориза бо терроризм, ки имрӯз, 7 январи баргузор шуд, гуфтааст, сохти конститутсионӣ дар тамоми манотиқи кишвар барқарор шуд ва вазъ таҳти назорати мақомоти маҳаллӣ қарор дорад. Дар ин бора сомонаи раисҷумҳури Қазоқистон хабар медиҳад. Манбаъ менависад, дар ҷаласае, ки раҳбарияти дастгоҳи президент, Шӯрои амнияти миллӣ ва ниҳодҳои қудратии […]

Раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар ҷаласаи ситоди мубориза бо терроризм, ки имрӯз, 7 январи баргузор шуд, гуфтааст, сохти конститутсионӣ дар тамоми манотиқи кишвар барқарор шуд ва вазъ таҳти назорати мақомоти маҳаллӣ қарор дорад. Дар ин бора сомонаи раисҷумҳури Қазоқистон хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, дар ҷаласае, ки раҳбарияти дастгоҳи президент, Шӯрои амнияти миллӣ ва ниҳодҳои қудратии Қазоқистон иштирок карданд, Тоқаев аз оғози амалиёти зиддитеррористӣ хабар дод ва зикр кард, ки неруҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ бо ҷидду ҷаҳд фаъолият доранд.

Бо ин вуҷуд ӯ, изҳори нигаронӣ кардааст, ки гурӯҳҳои террористӣ ҳамоно аз силоҳ истифода мекунанд ва ба амволи шаҳрвандон зарар мерасонанд. Бинобар ин, тадбирҳои зиддитеррористӣ бояд то маҳви пурраи ҷангҷӯён идома ёбанд, – гуфтааст Тоқаев.

Президенти Қазоқистон дақиқ нагуфтааст, ки бо кадом гурӯҳи террористӣ муборизаҳо идома доранд ва чаро ӯ онҳоро ҷангҷӯён меномад.

– Тавре роҳбарони сохторҳои қудратӣ гузориш доданд, воҳидҳои неруҳои муштараки посдори сулҳи СПАД барои мусоидат ба барқарорсозии тартибот вориди Қазоқистон шуданд. Ин неруҳо ба муддати маҳдуд барои иҷрои вазифаҳои муҳофизат ва таъмини ҳифзи объектҳои стратегӣ омадаанд, –  менависад хадамоти матбуоти президент.

Интизор меравад, ки имрӯз, 7 январ, Тоқаев ба мардуми Қазоқистон дар робита ба вазъи кишвар муроҷиат кунад.

Дар Қазоқистон рӯзи якшанбеи гузашта алайҳи болоравии нархи гази моеъ эътирозҳои оммавӣ оғоз гардиданд. Гирдиҳамоиҳо нахуст дар шаҳри Жанаозени вилояти Мангистау оғоз гардида, сипас дар дигар шаҳрҳо идома ёфтанд.

Дар пасманзари эътирозҳо ҳукумати Қазоқистон ба истеъфо рафт. Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев изҳор дошт, ки Нурсултон Назарбоев дигар раиси Шӯрои амнияти кишвар нест.

Рӯзи 5 январ президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев изҳор дошт, ки дастандаркорони бетартибиҳо дар Қазоқистон “гуруҳҳои террористии аслан байнулмилалӣ буда, дар хориҷи кишвар аз тамрини ҷиддӣ гузаштаанд ва ҳамлаи онҳо ба Қазоқистон бояд як амали таҷовузкорона арзёбӣ шавад”.

Ҳамин тариқ, бо дархости президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД тасмим гирифт, ки барои ба эътидол овардани вазъият ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар Қазоқистон, ки узви ин созмон аст, як воҳиди неруҳои посдори сулҳро ба ин кишвар сафарбар мекунад. Дар ҳайати ин воҳид 200 сарбози Тоҷикистон низ шомиланд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ таъсис дода шуд

Мақоми нави машваратиро сарвари давлат роҳбарӣ мекунад

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод зикр мекунанд, ки вазъият дар бозор давоми пас аз супориши раисҷумҳур муътадил шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.