Бонки ҷаҳонӣ коҳиши рушди иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад

Рушди иқтисодӣ дар соли 2022 дар саросари ҷаҳон то 4,1% ва дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ – то 3% коҳиш хоҳад ёфт. “Ин қисман ба оқибатҳои пандемияи COVID-19, коҳиши дастгирии молиявӣ ва халалдор шудани кори таҳвили молу маҳсулот дар саросари дунё вобаста хоҳад буд”, – омадааст дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ. Гуфта мешавад, дурнамои […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Рушди иқтисодӣ дар соли 2022 дар саросари ҷаҳон то 4,1% ва дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ – то 3% коҳиш хоҳад ёфт.

“Ин қисман ба оқибатҳои пандемияи COVID-19, коҳиши дастгирии молиявӣ ва халалдор шудани кори таҳвили молу маҳсулот дар саросари дунё вобаста хоҳад буд”, – омадааст дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ.

Гуфта мешавад, дурнамои барқароршавӣ дар соли 2023 бо хатарҳои ҳама намудҳо бо шумули навъҳои нави коронавирус, таваррум ва нооромиҳои молиявӣ марбут хоҳад буд.

Мувофиқи пешгӯиҳо, соли 2022 суръати рушди иқтисод дар Аврупо ва Осиёи марказӣ то 3 фоиз коҳиш хоҳад ёфт, ки дар муқоиса бо соли 2021 (5,8 фоиз) қариб ним баробар пинтар аст.

Ин бо “шиддатёбии сиёсати макроиқтисодӣ ва мавҷҳои нави COVID-19, аз ҷумла штамми “омикрон”-и он асоснок карда мешавад.

Таҳлилгарони Бонки Ҷаҳонӣ тақвияти ташаннуҷи геополитикӣ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла эҳтимоли “шиддати низоъ дар Украина ё миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон”-ро аз эҳтимол дур намедонанд, ки метавонад ба бозори молиявии минтақа фишор оварад.

Мутахассисони ин ниҳоди молиявӣ коҳиши иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2022 то 5,5% ва дар соли 2023 – то 4,5% пешгӯӣ мекунанд.

Рушди бештар дар минтақа ба иқтисоди Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти расмии ҳукумати кишвар, давоми моҳҳои январ-сентябри соли гузашта рушди иқтисоди Тоҷикистон 8,9%-ро ташкил дод.

Ҳарчанд ҳукумат дар соли 2021 рушди воқеиро дар сатҳи 7,6% ба нақша гирифта, Бонки ҷаҳонӣ – 3,5% пешгӯӣ карда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.