Як корманди Донишгоҳи миллӣ бо пора дастгир ва тибқи қонуни афв озод шудааст

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон аз боздошти як корманди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Даврон Эгамов бо гумони талаби пора ба маблағи 2,5 ҳазор доллари америкоӣ хабар медиҳад. Ин ниҳод мегӯяд, баъди боз шудани парванда нисбати ӯ қонуни авфи моҳи сентябри соли 2021 татбиқ  ва парванда  қатъ шудааст. Сомонаи расмии Оҷонсии зиддифасод навиштааст, ки  Даврон Эгамов замоне ки дар вазифаи сармутахассиси […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон аз боздошти як корманди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Даврон Эгамов бо гумони талаби пора ба маблағи 2,5 ҳазор доллари америкоӣ хабар медиҳад. Ин ниҳод мегӯяд, баъди боз шудани парванда нисбати ӯ қонуни авфи моҳи сентябри соли 2021 татбиқ  ва парванда  қатъ шудааст.

Сомонаи расмии Оҷонсии зиддифасод навиштааст, ки  Даврон Эгамов замоне ки дар вазифаи сармутахассиси шуъбаи бақайдгирӣ ва низоми таҳсилоти кредитӣ дар Раёсати таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор мекард, бо истифодаи мақоми хизматиаш аз як шаҳрванд барои дохил намуданаш ба шуъбаи ғоибонаи факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ 2500 доллари амрикоӣ талаб намудааст.

Ба таъкиди ин ниҳод, Эгамов ҳангоми гирифтани маблағ дар ҷойи ҳодиса боздошт гардида, маблағҳои мазкур ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд.

– Оиди ҳолати мазкур нисбати Эгамов Даврон Абдуҳабибович бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қаллобӣ ба миқдори калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд, бинобар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» парвандаи ҷиноятӣ нисбати номбурда бо дастрасии талаботи моддаи 27 қисми 1 сархати 4 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шуд,- навиштааст Оҷонсии зиддифасод.

Ин модда ҷазои аз 5 то 8 соли зиндон пешбинӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.