Ширкати ҳавопаймоии “Сибир”-ро барои интиқоли тоҷикон 20 ҳазор рубл ҷарима карданд

Идораи беҳдоштии Русия ё “Роспотребнадзор” ширкати ҳавопаймоии “Сибир”-и Русияро бо далоили бидуни ташхиси тиббии коронавирус аз Тоҷикистон ба Русия интиқол додани мусофирон ба маблағи тақрибан 3 ҳазор сомонӣ (20 ҳазор рубли русӣ)  ҷарима кардааст. Дар ин бора сомонаи расмии Хадамоти беҳдоштии Русия дар шаҳри Нижний Новгород  хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ки додгоҳи ҳакамӣ ё арбитражӣ […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Идораи беҳдоштии Русия ё “Роспотребнадзор” ширкати ҳавопаймоии “Сибир”-и Русияро бо далоили бидуни ташхиси тиббии коронавирус аз Тоҷикистон ба Русия интиқол додани мусофирон ба маблағи тақрибан 3 ҳазор сомонӣ (20 ҳазор рубли русӣ)  ҷарима кардааст. Дар ин бора сомонаи расмии Хадамоти беҳдоштии Русия дар шаҳри Нижний Новгород  хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки додгоҳи ҳакамӣ ё арбитражӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани ширкати ҳавопаймоии «Сибир»-ро тибқи қисми 1 моддаи 14.4 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Русия қонунӣ эътироф кардааст.

“Қаблан, масъулини Идораи “Роспотребнадзор” дар вилояти Нижний Новгород дар ҷараёни назорати санитарию карантинӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро бидуни ҳуҷҷати тиббии тасдиқи гузариши ташхиси лабораторӣ барои “COVID-19” бо усули ПСР-тест муайян карданд, ки тавассути ширкати ҳавопаймоии «Сибир» омада буданд”, – менависад сомонаи хадамоти мазкур.

Гуфта мешавад, ки қонуншикании ошкоршуда барои оғоз кардани парвандаи маъмурӣ асос шуда, 20 ҳазор рубл (2 ҳазору 950 сомонӣ) ҳамчун ҷарима ситонида шудааст.

Раҳбарияти ширкати ҳавопаймоӣ бо ин қарор розӣ набуда, аз болои он ба Додгоҳи ҳакамии вилояти Новосибирск шикоят бурд. Аммо додгоҳи ҳакамӣ ин қарорро бетағйир гузошт ва шикояти ширкати ҳавопаймоии “Сибир” қонеъ нашуд.

Гуфта нашудааст, ки ширкати ҳавопаймоӣ бидуни ташхиси ПСР-тест аз Тоҷикистон бо кадом хатсайр мусофиронро интиқол додааст.

Ёдовар мешавем, ки шахсоне, ки ба Русия сафар мекунанд, бояд хулосаи муассисаи тиббӣ бо забони русӣ аз рӯйи натиҷаҳои ПСР-тест дар бораи сироят надоштан аз коронавирусро бо худ дошта бошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.