Ҳалокати се нафар дар Суғд бар асари садамаи нақлиёт

Date:

Бар асари садамаи нақлиёт, ки 20 январ дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ рух дод, се нафар ҳалок ва се каси дигар ҷароҳат бардоштанд.

Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳодиса рӯзи 20 январ дар роҳи мошингарди Исфара-Конибодом-Ғафуров рух додааст.

"Ронандаи автомашинаи тамғаи Mercedes-Benz, сокини 28-солаи Исфара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар натиҷа он ба автомашинаи ҳамин тамға зери идораи сокини 29-солаи Конибодом бармехӯрад", – омадааст дар хабаримаркази матбуоти Вазорат.

Гуфта мешавад, бар асари ин садама се нафар мусофири автомашинаи сокини Исфара, як марду ду зан ба ҳалокат расидаанд.

Зикр мегардад, ки ронандагони ҳар ду автомашина ва боз як мусофири дигар ҷароҳат бардошта ба бемористон интиқол шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...