Кордзанӣ дар Душанбе: як сокини 32-солаи шаҳри Ваҳдатро захмӣ кардаанд

Date:

Вазорати корҳои дохилӣ аз як ҳодисаи кордзанӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки бар пайи он як нафар захм бардоштааст. Ин ҳодиса  рӯзи 23-юми январ рух додааст.

Бино ба иттилои дафтари ВКД нафари гумонбар дар ин ҳодиса аз сӯйи кормандони ШВКД-2-и ноҳияи Сино дастгир шудааст. 

"Номбурда, 23-юми январи соли 2022, тахминан соати 10:30- дақиқа, дар назди бинои истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Зарафшони шаҳри Душанбе аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос бо марди 32-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб намуда, бо корд 1-маротиба ба бадани ӯ задааст",-овардааст ВКД.

ВКД мегӯяд, ки нафари захмишуда дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Вазорат ҷузъёити дигари ин ҳодсаро нашр накарда, танҳо гуфтааст, ки дар мавриди "ҳолати мазкур тафтишот идома дорад".

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...