Имрӯз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ 49-умин солгарди таъсисёбиашро ҷашн гирифт

            Душанбе. 30-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ 49-умин солгарди таъсисёбиашро ҷашн гирифт.             Чӣ тавре ки аз палатаи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, муассисаи мазкур соли 1960 таъсис ёфта, соли 1998 Маҷлиси Олии ҶТ Қонун «Дар бораи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба тасвиб расонид, ки он […]

Фирдавс Муртазоев



           

Душанбе. 30-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ 49-умин солгарди таъсисёбиашро ҷашн гирифт.





           

Чӣ тавре ки аз палатаи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, муассисаи мазкур соли 1960 таъсис ёфта, соли 1998 Маҷлиси Олии ҶТ Қонун «Дар бораи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба тасвиб расонид, ки он мақоми ҳуқуқии палатаро мушаххас сохта, самтҳои фаъолияти сохторро густариш дод.




           

Ба иттилои манбаъ, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон муассисаи ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ буда, ба корхонаву муассисоти кишвар ва соҳибкорон дар рушду тавсеъаи фаъолият ва ҷустуҷӯи сармоягузори хориҷӣ кӯмак мерасонад.




           

Зикр гардид, ки аз ҷониби Палата бо палатаҳои кишварҳои узви ИДМ ва давлатҳои хориҷи дур беш аз 180 созишнома ба имзо расида, феълан худи палата узви як қатор созмонҳои байнулмилалӣ мебошад.

     

Айни замон беш аз 400 корхонаву муассисаи кишвар ба узвияти палата пазируфта шудаанд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.