Раиси шаҳри Ваҳдат ва раисони шаҳри Бӯстону ноҳияи Ашт ҳам барканор шудаанд.

Бино ба иттилои манбаъҳои "Азия-Плюс" дар Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон дар пайи тағйироти кадрии имрӯз, ҳамчунин раиси шаҳри Ваҳдат ва раисони шаҳри Бӯстону ноҳияи Ашти вилояти Суғд ҳам барканор шудаанд. Ба гуфтаи манбаъ, Раҳмоналӣ Амирзода, раиси шаҳри Ваҳдат ҳам барканор шудааст, аммо манбаъ нагуфт, ки Амирзода ба мансаби дигар таъин шудааст ё не. Амирзода дар […]

Мазҳаб Ҷумъа, Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Бино ба иттилои манбаъҳои "Азия-Плюс" дар Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон дар пайи тағйироти кадрии имрӯз, ҳамчунин раиси шаҳри Ваҳдат ва раисони шаҳри Бӯстону ноҳияи Ашти вилояти Суғд ҳам барканор шудаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, Раҳмоналӣ Амирзода, раиси шаҳри Ваҳдат ҳам барканор шудааст, аммо манбаъ нагуфт, ки Амирзода ба мансаби дигар таъин шудааст ё не. Амирзода дар гузашта раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд буд.

Амирзода аз раисони хабарсози солҳои ахир буд, ки борҳо дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ номи ӯ дар пайванд ба иқдомҳои гуногун расонаӣ шуда буд.

Ҳамчунин ин манбаъ гуфт, ки Зариф Мирдадо раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд аз мақом барканор ва муовини раиси вилояти Суғд дар умури кишоварзӣ таъин шудааст. Ин мақомро то чанде пеш Зариф Нозирӣ ба дӯш доштанд, ки моҳи ноябр раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таъин шуд. 

Нозирӣ бародарзодаи сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мебошад, ки дар гузаштаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам буд.

Шуҳрат Мамадҷонов ба ҷойи Мирдадо, раиси нави ноҳияи Ашт таъин шудааст. Мамадҷоновро яке аз тоҷирони маъруфи мева дар ин ноҳия ном мербаранд, ки садҳо ҳектор боғ дорад.

Ин манбаъ, ҳамчунин аз барканории раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода хабар дод ва гуфт, ӯ шаҳрдори Гулистони вилояти Суғд таъин шуд.

Тағйироти кадрӣ, бар пайи ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат, ки рӯзи 20-уми январ сурат гирифта буд, роҳандозӣ шудааст.

Аз ин пештар, хабари барканории вазири кишоварзии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва муовини сарвазири Тоҷикистон дар умури кишоварзӣ таъин шудани ӯро манобеи ба мо таъйид карданд.

Ба гуфтаи манобеи "Азия-Плюс" дар Вазорати кишоварзӣ, ба ҷойи Зиёзода, муовини аввалаш Саъдӣ Каримзода вазири кишоварзии Тоҷикистон таъин шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.