Дар Фархор як занро барои куштани хушдоманаш 17 сол зиндон карданд

Як зани сокини ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бо иттиҳоми қатли хушдоманаш 17 сол равонаи зиндон шуд. Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон дар як хабарнома хабар медиҳад.  Додситонӣ аз ин зан Умеда Шарифова, сокини деҳаи Муҳоҷирободи ҷамоати деҳоти Дарқади ном бурда, гуфтааст, ки алайҳи ӯ бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (одамкушӣ) парванда боз шуда буд. Ин ҳодиса […]

Як зани сокини ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бо иттиҳоми қатли хушдоманаш 17 сол равонаи зиндон шуд. Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон дар як хабарнома хабар медиҳад. 

Додситонӣ аз ин зан Умеда Шарифова, сокини деҳаи Муҳоҷирободи ҷамоати деҳоти Дарқади ном бурда, гуфтааст, ки алайҳи ӯ бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (одамкушӣ) парванда боз шуда буд.

Ин ҳодиса аз сӯйи додситонии ноҳияи Фархор таҳқиқ шуда, ҳукмро додгоҳи вилояти Хатлон содир кардааст.

Гуфта мешавад, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян шудааст, ки Шарифова, рӯзи 9-уми август бо баҳонаи ночиз бо хушдоманаш Файзигул Олимова вориди муноқиша шуда, аз фурсати дар хона набудани шавҳараш Ю. Холдоров истифода намӯда, бо корд ӯро дунболагирӣ кардааст. 

«Номбурда хушдоманашро аз пой афтонда, дар ҳузури кӯдаки хурдсолаш Усмонҷон Шарипов, ки ҳанӯз 6-сола нест ба рухсора ва панҷаҳои дасташ ҳашт зарба задааст, ки ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст», – омадааст дар хабарнома.

Додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 5-уми январи соли 2022 Умеда Шарифоваро бар асоси банди 2-и моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ 17 сол аз озодӣ маҳрум кардааст, ки ӯ ҷазоро дар зиндони низоми умумӣ пушти сар мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.