Тоҷикистонӣ донишҷӯи сол дар Тотористон эътироф шуд

Дар шаҳри Қазони Тотористон аз озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол – 2021” натиҷагирӣ шуд, ки дар он зодаи Тоҷикистон Раҳматҷон Халилов донишҷӯи сол дар Тотористон эътироф шуд, хабар медиҳад Русский дом дар Душанбе дар саҳифаи худ дар Facebook. “Магистранти Донишгоҳи миллии таҳқиқотӣ ва технологии Тотористон Раҳматҷон Халилов аз Душанбе ба Шоҳҷоиза (Гран-при) сазовор дониста шуд. Ҷоизаро […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар шаҳри Қазони Тотористон аз озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол – 2021” натиҷагирӣ шуд, ки дар он зодаи Тоҷикистон Раҳматҷон Халилов донишҷӯи сол дар Тотористон эътироф шуд, хабар медиҳад Русский дом дар Душанбе дар саҳифаи худ дар Facebook.

“Магистранти Донишгоҳи миллии таҳқиқотӣ ва технологии Тотористон Раҳматҷон Халилов аз Душанбе ба Шоҳҷоиза (Гран-при) сазовор дониста шуд. Ҷоизаро ба ӯ муовини аввали раиси Шӯрои федератсияи Маҷлиси федералии Русия Андрей Турчак ва сарвари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Миннихонов тақдим карданд”, – омадааст дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, акнун аз ҳисоби барномаи “Алгариш” ӯ имкон дорад, ки дар ҳама гуна мактаби олии саросари ҷаҳон таҳсилашро идома бидиҳад.

Раҳматҷон дар Душанбе ба дунё омада, дар мактаби №20 ба номи Пушкин ва литсейи №1 барои кӯдакони лаёқатманд таҳсил кардааст.

Айни замон ӯ дар давраи магистратураи Донишгоҳ таҳсил дошта, ҳамзамон дар ҳаёти ҷамъиятии муассиса, аз ҷумла рушди расонаҳои донишҷӯён фаъолона иштирок мекунад.

Роҳбари намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Иван Иванов гуфтааст, ки ғолибияти Раҳматҷон довталабони ҳозираро хеле рӯҳбаланду ҳавасманд месозад ва имрӯзҳо қариб 5 ҳазор ҷавонон барои дохилшавӣ ба макаотиби олии Русия дар Россотрудничество тест месупоранду бо онҳо суҳбатҳо ороста мешавад.

Ёдрас мекунем, ки соли равон Русия барои бепул таҳсил кардани донишҷӯён дар мактабҳои олии Русия 750 квота (соли гузашта – 630) ҷудо кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.