Боз сар шуд: Қосим Роҳбар, раиси “Барқи тоҷик” ва раисони Ҳисору Ваҳдату Роғун ҳам барканор шуданд

Имрӯз дар идомаи тағйироти кадрии соли 2022, ки дирӯз оғоз шуда буд, Қосим Роҳбар, раиси Кумитаи рушди маҳал ва раисони шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат, Роғун ва чанде аз сохторҳои дигар низ барканор шуданд. Дар ин бораи Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, аммо то кунун ному насаби нафарони навтаъиншуда ба ҷойи раҳбарони барканоршуда расонаӣ нашудааст.  Ба […]

Asia-Plus

Имрӯз дар идомаи тағйироти кадрии соли 2022, ки дирӯз оғоз шуда буд, Қосим Роҳбар, раиси Кумитаи рушди маҳал ва раисони шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат, Роғун ва чанде аз сохторҳои дигар низ барканор шуданд.

Дар ин бораи Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, аммо то кунун ному насаби нафарони навтаъиншуда ба ҷойи раҳбарони барканоршуда расонаӣ нашудааст. 

Ба иттилои Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурӣ,  раисони шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода, раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода, раиси шаҳри Роғун Музаффар Сулаймонзода аз мақомашон барканор шуданд.

Ҳамчунин Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати «Барқи Тоҷик», Табарзода Ҷамшед, директори генералии корхонаи  «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хуршед Зиёӣ низ аз мақомашон барканор гардидаанд.

Табарзода Ҷамшед акнун ба вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Душанбе таъин шудааст.

Амирхон Қурбонзода, ки то имрӯз дар вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Душанбе фаъолият дошт дар пайи ин тағйирот муовини раиси вилояти Хатлон шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.