Ҷасади тоҷики таксирони дар Петербург кушташударо ба ватан фиристоданд

Date:

Ҷасади шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар шаҳри Санкт-Петербург таксиронӣ мекарду бераҳмона кушта шуд, рӯзи 26 январ ба ватан фиристоданд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.

Ба гуфтаи манбаъ, дар фиристодани ҷасад ба ватан консулгарии генералии Тоҷикистон ва диаспораи тоҷикон дар Санкт-Петербург мусоидат кардаанд. Ҷасад бо ҳавопаймои ширкати “Уралские авиалинии” фиристода шудааст.

Зикр шуд, ки барои тафтиши дақиқи ин куштор консулгарӣ мудом бо сохторҳои дахлдори Русия дар тамос аст.

Ёдрас мекунем, ки ҷасади таксирони тоҷик бо гулӯи бурида ва захмҳои зиёди корд дар қаламрави фурудгоҳи Пулково дар Санкт-Петербург дарёфт шуд. Ҷасади мард дар дохили автомашинаи “Фольксваген Поло”, ки ба яке аз ширкатҳои шаҳр тааллуқ дошту  дар қаламрави фурудгоҳ буд, қарор дошт.

Дар кадрҳои камераҳои навори видеоӣ сабт шудааст, ки то куштор дар автомашина чор нафар қарор доштаанд. Тибқи маълуомти пешакӣ, таксирон се нафар мусофиронро ба фурудгоҳ овардааст. Дар мошин байни онҳо муноқиша сар зада, ба куштор меанҷомад. Дар дохили мошин корд пайдо шуд.

Дар робита ба ин ҳодиса Кумитаи тафтишоти Русия мутобиқи моддаи 105-и Кодекси ҷиноятии Русия (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз намуд.

Тоҷикистонии кушташуда моҳи декабри соли 2021 бо мақсади дарёфти кор барои таъмини рӯзгораш ба Русия омада буд.

Сафорати Русия дар Тоҷикиситон қаблан дар ин робита изҳор намуда буд, ки ҷиҳати мушаххас кардани ҷузъиёти ҳодисаи мазкур, ба мақомоти дахлдори кишвари иқомат ёддошти расмӣ ирсол намудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...