870 миллион сомонӣ: фоидаи Тоҷикистон аз фурӯши барқ ба Афғонистону Ӯзбекистон дар соли 2021

Тоҷикистон дар соли 2021 аз ҳисоби содирот ва фурӯши барқ ба Афғонистону Ӯзбекистон 871,6 миллион сомонӣ ба даст овардааст. Ин нуктаро имрӯз дар нишасти матбуотии Вазорати энергетика ва захираҳои об, вазири ин ниҳод Далер Ҷумъа зикр кард. Ба гуфтаи вазири энергетика ҳаҷми содироти энергияи барқ дар умум 2 млрд. 439,2 млн. кВт. соатро ташкил дода, […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Тоҷикистон дар соли 2021 аз ҳисоби содирот ва фурӯши барқ ба Афғонистону Ӯзбекистон 871,6 миллион сомонӣ ба даст овардааст. Ин нуктаро имрӯз дар нишасти матбуотии Вазорати энергетика ва захираҳои об, вазири ин ниҳод Далер Ҷумъа зикр кард.

Ба гуфтаи вазири энергетика ҳаҷми содироти энергияи барқ дар умум 2 млрд. 439,2 млн. кВт. соатро ташкил дода, ки нисбат ба соли 2020, 911,6 млн. кВт. соат зиёд буда, суръати афзоиш 159,6 % -ро ташкил дод. 

"Неруи барқ асосан ба Афғонистон 1 млрд 213,1 млн. кВт. соат ба маблағи 612,2 млн. сомонӣ ва ба Ӯзбекистон дар ҳаҷми 1 млрд. 145,7 млн. кВт. соат ба маблағи 259,4 млн. сомонӣ содирот карда шуд",-гуфт Ҷумъа.

Вазир таъкид кард, ки "содироти неруи барқ ба ин кишварҳо асосан дар моҳҳои серобӣ (май-сентябри соли 2021) зиёд буда, аз ҷумла дар ин моҳҳо ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон – 1 млрд. 073 млн.459 ҳазор кВт.соат, ба Ҷумҳурии Узбекистон – 1 млрд. 153 млн.966 ҳазор кВт. соатро ташкил дод".

Ба гуфтаи вазир,дар маҷмуъ дар соли 2021, истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон 20 млрд. 624,6 млн. кВт. соатро ташкил дода, ки дар муқоиса ба соли 2020, 853,8 млн. кВт. соат зиёд буда, суръати афзоиш 104,3 % таъмин карда шуд. 

Далер Ҷумъа, ҳамчунин аз зиёд шудани ҷамъоварии пули барқ дар соли 2021 хабар дод, ки дар соли гузаштаи 93,6 % ё 3 млрд. 113,6 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2020 (2 млрд. 728,5 млн. сомонӣ) ба маблағи 385,1 млн. сомонӣ ё 14,1 % зиёд будааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.