Дар Маскав кӯдаки 5-сола аз Тоҷикистон аз ошёнаи 18-уми як хона ба замин афтид

Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар саҳифаи худ дар Facebook марги кӯдаки тоҷикро тасдиқ намуда, ба волидон ва наздикони ӯ изҳори тасаллият кардааст. “Намояндагии дипломатии Тоҷикистон аз марги фоҷеавии як кӯдаки тоҷик, ки аз ошёнаи 18-уми бинои истиқоматӣ, воқеъ дар шаҳри Москваи Русия  ба замин афтидааст, хабардор буда,  ҳамдардии амиқи хешро ба падару модар ва наздикони […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар саҳифаи худ дар Facebook марги кӯдаки тоҷикро тасдиқ намуда, ба волидон ва наздикони ӯ изҳори тасаллият кардааст.

“Намояндагии дипломатии Тоҷикистон аз марги фоҷеавии як кӯдаки тоҷик, ки аз ошёнаи 18-уми бинои истиқоматӣ, воқеъ дар шаҳри Москваи Русия  ба замин афтидааст, хабардор буда,  ҳамдардии амиқи хешро ба падару модар ва наздикони марҳум изҳор менамояд”, – омадааст дар хабари сафорат.

Гуфта мешавад, дар робита ба ин фоҷиа, кормандони сафорат фавран бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия   дар тамос шуда, хоҳиш намуданд, ки аз рафти тафтишоти ҳодиса сафорат дар ҷараён гузошта шавад.

Зимнан зикр мегардад, ки сафорат  омодагии худро ҷиҳати расонидани  кӯмакҳои зарурӣ ба хонаводаи кӯдаки фавтида изҳор менамояд.

Хабаргузории РИА Новости бо истинод ба сарёвари роҳбари Сарраёсати Кумитаи тафтишоти Русия дар Маскав Юлия Иванова иттилоъ медиҳад, ки аз ҷониби муфаттишон бо моддаи то ба марг расонидан аз рӯи беэҳтиётӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Ба иттилои манбаъ, тибқи маълумоти пешакӣ, қабл аз ин ҳодисаи фоҷеабор кӯдак дар долон (коридор)-и умумии ошёна бозӣ мекардааст. Волидони кӯдак зодагони Тоҷикистон мебошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.