Дар Қирғизистон барои бознашри маводи “Азия-Плюс” алайҳи kaktus.media парвандаи ҷиноӣ боз шуд

Дар Қирғизистон барои бознашри маводи хабаргузории “Азия-Плюс”-и Тоҷикистон дар бораи оғози муноқиша дар сарҳади байни кишварҳо алайҳи хабаргузории kaktus.media мутобиқи моддаи 407 Кодекси ҷиноятии ин кишвар (Таблиғи ҷанг) парвандаи ҷиноӣ боз шуд. “27 январи соли 2022 дар сомонаи Kaktus.media мақолае дар бораи муноқишаи мусаллаҳона дар минтақаи марзӣ нашр шуд. Дар мақола маълумоти бардурӯғ оварда шудааст, […]

Дар Қирғизистон барои бознашри маводи хабаргузории “Азия-Плюс”-и Тоҷикистон дар бораи оғози муноқиша дар сарҳади байни кишварҳо алайҳи хабаргузории kaktus.media мутобиқи моддаи 407 Кодекси ҷиноятии ин кишвар (Таблиғи ҷанг) парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

“27 январи соли 2022 дар сомонаи Kaktus.media мақолае дар бораи муноқишаи мусаллаҳона дар минтақаи марзӣ нашр шуд. Дар мақола маълумоти бардурӯғ оварда шудааст, ки гӯиё аввал аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Қирғизистон тирандозӣ шурӯъ шуда, ба ин васила Тоҷикистонро таҳрик додаанд”, – зикр мешавад дар маълумоти Прокуратураи генералии Қирғизистон, хабар медиҳад kaktus.media.

Гуфта мешавад, ҳоло муфаттишони додситонӣ ҷиҳати додани баҳои ҳуқуқӣ ба қонунӣ будани ин амалҳо кор мекунанд. Якчанд корманд рӯзи 31 январ барои бозпурсӣ даъват шуда, аз  онҳо дар бораи ифшо накардани маълумот баёнот гирифтаанд.

Ёдрас мекунем, ки Kaktus.media рӯзи 27 январ хабари "Азия-Плюс"-ро дар бораи оғози муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бидуни таҳрифи моҳият ва мӯҳтавои иттилоъ дубора нашр кард.

Сарфи назар аз як кори маъмулии журналистикаи байналмилалӣ будани нашри ақидаи ду тарафи ҳар гуна муноқиша, ин хабар дар Қирғизистон вокуниши манфӣ ба бор овард.

Ҳарчанд хабаргузорӣ баъдан ин маълумотро хориҷ намуда, аз аҳолии Қирғизистон маъзарат хост, аммо нимаи рӯзи 28 январ мардум ба гирдиҳамоӣ баромаданд.

Тавре расонаҳои қирғиз навишта буданд, эътирозгари аслӣ Жолдошбек Сиргаков буд, ки қаблан дар гирдиҳамоиҳо алайҳи вуруди нерӯҳои СПАД ба Қазоқистон ва ҳимоят аз Болот Темиров ширкат карда буд.

Расонаҳои Қирғизистон ҳамчунин аксҳои Сиргаковро бо раисҷумҳури Қирғизистон Содир Жапаров дарёфтанд, аммо маълум нест, ки ин акс дар кадом шароит гирифта шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.