“Барои ояндаи муштарак”. Чин ба шаҳрдори Душанбе 413 нақлиёти мусофиркашу коммуналӣ тақдим кард

Ҷумҳурии мардумии Чин ба шаҳрдории Душанбе беш аз 410 адад воситаи нақлиёти гуногуни коммуналию мусофиркаширо ҳамчун кӯмаки бебозгашт тақдим намудааст. Дар ин бора аз шаҳрдории Душанбе хабар медиҳанд. Манбаъ мегӯяд, рӯнамоии техникаи комуналӣ, имрӯз, 1 феврал дар ҳузури раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва  намояндагони сафорати Чин дар Тоҷикистон баргузор гардид. Гуфта мешавад, ки солҳои охир […]

Ҷумҳурии мардумии Чин ба шаҳрдории Душанбе беш аз 410 адад воситаи нақлиёти гуногуни коммуналию мусофиркаширо ҳамчун кӯмаки бебозгашт тақдим намудааст. Дар ин бора аз шаҳрдории Душанбе хабар медиҳанд.

Манбаъ мегӯяд, рӯнамоии техникаи комуналӣ, имрӯз, 1 феврал дар ҳузури раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва  намояндагони сафорати Чин дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Гуфта мешавад, ки солҳои охир дар соҳаи хизматрасонии коммуналӣ ва истифодабарии роҳҳо мушкилиҳои норасои техникаи замонавӣ ҷой дошт ва маҳз ба хотири рафъи ин норасоӣ байни шаҳрдории Душанбе ва Чин соли 2021 созишнома оид ба кӯмаки техникии бебозгашт ва ворид намудани 466 адад воситаи нақлиёти гуногуни коммуналию мусофиркашӣ ба имзо расид.

Манбаъ гуфт, ки то имрӯз, 413 адад техиника вориди пойтахт гардида, 53 адади дигар дар ҷараёни воридшавӣ қарор дорад.

– Ба раиси шаҳр зимни рунамоӣ 155 адад автобуси мусофирбари гуногунҳаҷм, 52 адад автомошинаи боркашон, 48 адад автомашинаи махсуси партовкашонӣ, 40 адад мошини обпошӣ, 22 адад мошини хурди боркашии дуқатора, 20 адад автомошинаи сӯхторхомӯшкунӣ, 1 адад грейдер, 18 адад каток, 7 адад автокран, 15 адад эвакуатор, 1 адад таҷҳизоти тақсимкунандаи қир, 7 адад барои ташхису таъмири қубурҳои оби гарм, 1 адад маркази идораи техникаи сухторхомўшкунӣ, 4 адад автомошинаи ёрии таъҷилӣ, 1 адад барои интиқоли гипохлориди натрий ва ғайра муаррифӣ карда шуданд,- иттилоъ медиҳанд аз шаҳрдории Душанбе.

Гуфта шуд, ки техникаҳо ба корхонаҳои коммуналии партовкашонӣ, ободонӣ, боғҳо, обу коррез, нигоҳдорию истифодабарии роҳҳо, гармидиҳӣ, мусофиркашонӣ ва сухторхомушкунии шаҳри Душанбе тақдим гардид.

Ҳамчунин, мутахассисони чинӣ тӯли 1 моҳ бо кормандони корхонаву муассисаҳои пойтахт ва масъулини сохторҳои марбутаи Душанбе барои истифодаи дурусти техникаҳо тариқи онлайн дарсҳои омӯзишӣ мегузаронанд.

Шаҳрдорӣ бовар дорад, ки бо ворид гардидани техникаи коммуналии мазкур паркҳои техникии корхонаҳои соҳавӣ пурра навсозӣ гардида, фаъолияти онҳо боз ҳам самаранок ба роҳ  андохта хоҳад шуд.

Рустами Эмомалӣ гуфтааст, минбаъд низ барои таҳким бахшидани заминаи техникии корхонаҳои коммуналии шаҳр ва беҳтар намудани хизматрасониҳои коммуналӣ барои сокинону меҳмонони пойтах тадбирҳои заруриро роҳандозӣ хоҳанд кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.