spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Тоҷике, ки Бритониё ҳамроҳи Лукашенко таҳрим кард, кист?

Бритониёи Кабир ва Канада бархе чеҳраҳоеро, ки дар Белорус ба нақзи ҳуқуқи башар муттаҳам дониста мешаванд таҳрим карданд, ки дар садри ҷадвал раисҷумҳури ин кишвар Александр Лукашенко қарор дорад. Рӯйхати Канада 11 нафарро дар бар мегирад ва рӯйхати Бритониё 8 нафарро, аммо дар миёни касоне, ки ба рӯйхати Бритониё афтодаанд, номи як тоҷик низ ҳаст.

Атобеков Ҳазалбек Бахтибекович тоҷике ҳаст, ки дар баробари Лукашенко дар рӯйхати шахсони мавриди таҳрими Бритониё афтодааст. Бино ба маълумоте, ки саҳфаи Атобеков дар Википедиё дорад, ӯ сарҳанг (полковник) ва аз соли 2018 муовини фармондеҳи неруҳои дохилии Белорус аст. Тибқи маълумоти донишномаи озод, Атобековро соли 2012 Иттиҳодияи Аврупо низ таҳрим кардааст.

Бино ба иттилое, ки "Азия-Плюс" ба даст овард Ҳазалбек Атобеков зодаи деҳаи Хуфи ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон аст, ки дар деҳаи Такоби ноҳияи Варзоб бузург шудааст.

Дар шарҳи ҳоли Бахтибеков омадааст, ки ӯ тоҷик аст ва соли 1990 Омӯзишгоҳи олии ҳарбиву сиёсии Минскро хатм кардааст. То соли 2009 дар симатҳои гуногуни неруҳои дохилии Белорус хидмат кардааст. Аз соли 2009 то 2012 фармондеҳи яке аз зербахшҳои муҳим – Бригадаи 3-юми таъиноти вижаи неруҳои дохилии ВКД ва баъдан  муовини  сардори раёсати омодагии низомӣ ва фаврии Сарраёсати  фармондеҳии неруҳои дохилии ВКД Белорус кор кардааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Лукашенко бо чархбол хиёбони марказии Минскро чарх зада, бо силоҳ ба қароргоҳаш баргашт

Соли 2012 Иттиҳоди Аврупо Атобековро вориди рӯйхате, кард, ки декабри соли 2010 барои пароканда кардани эътирозгарон дар Минск “бо истифода аз неруҳои аз ҳад зиёд” фармон додааст ва наметавонад ба қаламрави ин иттиҳодия сафар кунад. .

Аз 22 майи 2018 Атобеков Ҳазалбек муовини фармондеҳи неруҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Белорус аст.

13 августи имсол аз сӯйи Александр Лукашенко  дар пасманзари муқовиматҳои шаҳрвандӣ ба медали дараҷаи 5 “Барои хидмати бенуқсон” тақдир шуд. 

Дар бархе расонаҳои белорусӣ навиштаанд, ки Атобеков ҳамсари белорусӣ  ва се фарзанд дорад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...