Президент ба раҳбарияти Суғд ҷиҳати ҳалли мушкили ташаккули буҷет дастур дод

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9 феврал дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карда, ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ташаккули буҷети вилоят дастуру супоришҳо дод. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, зимни суханронӣ ӯ зикр кард, ки бо вуҷуди 105,8 фоиз иҷро гардидани нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9 феврал дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карда, ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ташаккули буҷети вилоят дастуру супоришҳо дод.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, зимни суханронӣ ӯ зикр кард, ки бо вуҷуди 105,8 фоиз иҷро гардидани нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, иҷрои нақшаи на ҳама намудҳои андоз пурра таъмин гардида, аз ин ҳисоб ба буҷет беш аз 104 млн сомонӣ маблағ ворид нашудааст.

Бинобар ин, масъулони соҳа ва роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо аз сарвари давлат супориш гирифтанд, ки дар самти ташаккули буҷети маҳаллӣ ва истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои буҷетӣ чораҳои қатъӣ андешида, то нимсолаи якуми соли 2022 аз қабули буҷети иловагӣ худдорӣ намоянд.

Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки соли 2021 ба иқтисодиёти вилоят 3,3 млрд сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 2,1 млрд сомонӣ сармояи мустақим ворид гардидааст, ки нисбат ба соли 2020 мутаносибан 2 ва 2,3 баробар зиёд мебошад.

Зикр шуд, ки дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ҳоло татбиқи боз 19 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дорад, ки дар доираи онҳо то имрӯз 2,3 млрд сомонӣ азхуд шудааст.

Вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ зарур шумурда шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва эмгузаронии пурраи гурӯҳҳои мақсадноки аҳолии вилоят вусъат дода шаванд.

Дар байни аҳолӣ корҳо дар самти пешгирӣ кардани гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу экстремистӣ, зуҳуроти бегонапарастӣ, тақлид ба сарулибоси бегона ва анъанаҳои номатлуб густариш бахшидан, ба ҳушёриву зиракӣ ҳидоят кардани ҷавонон ва дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия кардани онҳо аз вазифаҳои муҳимми роҳбарону фаъолон номида шуд.

Вобаста ба ин, ба ҳукумати вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бо ҷалби васеи сохторҳои кор бо ҷавонон, занон, падару модарон ва фаъолони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷиҳати пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ ва дигар қонуншиканиҳо чораҳои мушаххас андешанд.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 9 феврал президент аз шаҳри Гулистон боздид намуда, дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти гуногун ҳузур дошт. Охири рӯз ӯ дар “Боғи миллии Ваҳдат”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз Фестивал-намоиши чорвои хушзот, чорвои калон барои истеҳсоли шир ва гӯшт, шутур барои шир ва гӯшт, асп, гӯсфанд ва бузҳои зотӣ иштирок кард.

Дар ин намоиш даҳҳо намуди чорвои калон, гӯсфанду буз, асп, шутур, шутурмурғ, кабк, мурғи ҳилол, фазан, моҳӣ, хӯрокиҳои омехтаи чорво ба маърази тамошо гузошта шуда буданд.

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.