Вохурии намояндаи доимии Ташкилоти Оқохон дар умури рушд бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон

Қозидавлат Қоимдодов намояндаи доимии Ташкилоти Оқохон дар умури рушд (AKDN) бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, хонум Сезин Синаноғлу мулоқот кардааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти AKDN ин дидор рӯзи 10-уми феврал дар дафтари СММ дар душанбе сурат гирифтааст. Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои судманди СММ ва AKDN-ро вобаста ба масоили рушд дар бахшҳои гуногун мавриди  баррасӣ ва […]

Asia-Plus

Қозидавлат Қоимдодов намояндаи доимии Ташкилоти Оқохон дар умури рушд (AKDN) бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, хонум Сезин Синаноғлу мулоқот кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти AKDN ин дидор рӯзи 10-уми феврал дар дафтари СММ дар душанбе сурат гирифтааст.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои судманди СММ ва AKDN-ро вобаста ба масоили рушд дар бахшҳои гуногун мавриди  баррасӣ ва мубодила қарор доданд. Дар рафти суҳбат зикр гарид, ки барномаҳо ва лоиҳаҳои муштараки AKDN ва СММ тайи солҳои зиёд баҳри беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардуми тоҷик  саҳми назаррас гузошта истодаанд.

Дар поёни мулоқот тарафҳо барои боз ҳам таҳкиму тақвияти ҳамкориҳои созанда ва дарозмуддат изҳори омодагиву ҳавасмандӣ намуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.