Русия омодагияшро барои дахолат дар ҳалли низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон изҳор кард

Муовини вазири корҳои хориҷии Русия, Андрей Руденко гуфтааст, ки "Русия омода аст, ки таҷрибаи бойи худро дар мавриди таъйини хати марз бо Қирғизистон ва Тоҷикистон дар миён гузорад". Дар ин бора Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ хабар медиҳад.  Ин нуктаро Руденко, дар мусоҳиба бо хабаргузории ТАСС гуфтааст. Вай рӯзи 10-уми феврал гуфт, “мо таҷрибаи бой дорем, бахусус бо […]

Asia-Plus

Муовини вазири корҳои хориҷии Русия, Андрей Руденко гуфтааст, ки "Русия омода аст, ки таҷрибаи бойи худро дар мавриди таъйини хати марз бо Қирғизистон ва Тоҷикистон дар миён гузорад". Дар ин бора Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ хабар медиҳад. 

Ин нуктаро Руденко, дар мусоҳиба бо хабаргузории ТАСС гуфтааст. Вай рӯзи 10-уми феврал гуфт, “мо таҷрибаи бой дорем, бахусус бо ҳамсояи муштараки онҳо – Қазоқистон”.

Руденко таъкид кардааст, ки вазъ дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон дар водии Фарғона ноором мондааст ва мояи нигаронии ҷиддии Русия мебошад.

“Мо ҳамеша ҷонибдори ҳалли баҳсҳо бо роҳи осоишта ҳастем. Яъне, риояи қатъии созиши оташбас, берун бурдани нерӯҳо ва техникаи низомӣ ва пешгирӣ аз барангехтани кинаю адовати миллӣ, аз ҷумла дар расонаҳо,” – афзудааст ӯ.

Ба қавли Руденко, “то ҳалли мушкили таъин ва нишонагузории марз, такрори муноқишаҳо дар сарҳад аз эҳтимол дур нест.”

Муовини вазири корҳои хориҷии Русия, инчунин, зикр кардааст, ки Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ аз майли Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли баҳсҳо дар рӯҳияи ҳамсоядории нек пуштибонӣ мекунад.

Аз 970 километр сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ниме аз он таъйину нишонагузорӣ нашудааст ва номуайянӣ ҳар чанд вақт сабаби баҳсу муноқишаи мусаллаҳона байни ду ҳамсоя мешавад.

Дар охири моҳи январи имсол дар марзи миёни Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон даргирии хунин сар зад ва аз ду ҷониб даҳҳо нафар захмӣ ва аз тарафи Тоҷикистон ду тан кушта шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.