Маълум шуд, ки Тоҷикистон имсол ба Ӯзбекистон чӣ қадар барқ медиҳад

Ширкатҳои марбутаи энергетикии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи интиқоли неруи барқи Тоҷикистон ба ин кишвари ҳамсоя дар давраи баҳору тирамоҳи соли ҷорӣ созишнома ба имзо расониданд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 14 феврал дар Душанбе раиси ширкати “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо, аз ҷумла ҳаҷму таърифаҳоро мувофиқа сохтанд, ки […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкатҳои марбутаи энергетикии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи интиқоли неруи барқи Тоҷикистон ба ин кишвари ҳамсоя дар давраи баҳору тирамоҳи соли ҷорӣ созишнома ба имзо расониданд.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 14 феврал дар Душанбе раиси ширкати “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо, аз ҷумла ҳаҷму таърифаҳоро мувофиқа сохтанд, ки мувофиқи он дар давраи тирамоҳ Ӯзбекистон аз Тоҷикистон бо нархи 2 сент барои 1 киловатт 1,4 млрд кВт/соат неруи барқ мегирад.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари “Барқи тоҷик” зикр кард, ки айни замон аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон неруи барқ интиқол дода намешавад.

Дар робита ба таърифаҳои паст зикр шуд, ки он ба арзиши гази моеъ вобаста аст, ки аз Ӯзбекистон бо нархҳои нисбатан паст ба Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе интиқол дода мешавад.

Ғайр аз ин, дар мавсими тобистон Тоҷикистон бо нархи 4,65 сент барои 1 киловатт дар ҳаҷми 1,5 млрд кВт/соат неруи барқ интиқол медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст