Дар Домодедово аз тоҷикистонии ба Истанбул парвоздошта беш аз 3 млн рубл дарёфт шуд

Кормандони Хадамоти гумруки фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав аз як шаҳрванди Тоҷикистон зиёда аз 3 млн рубл дарёфт намуданд, ки бо эъломия (декларатсия) ба расмият дароварда нашудааст. Ӯ мехостааст пулро аз Маскав ба Истанбул барад. “Мусофири хатсайри Маскав – Истанбул дар фурудгоҳи Домодедово тариқи долони “сабз” гузашта, ҳангоми пурсиши шифоҳӣ изҳор намуд, ки бо худ ҳудуди […]

Asia-Plus

Кормандони Хадамоти гумруки фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав аз як шаҳрванди Тоҷикистон зиёда аз 3 млн рубл дарёфт намуданд, ки бо эъломия (декларатсия) ба расмият дароварда нашудааст. Ӯ мехостааст пулро аз Маскав ба Истанбул барад.

“Мусофири хатсайри Маскав – Истанбул дар фурудгоҳи Домодедово тариқи долони “сабз” гузашта, ҳангоми пурсиши шифоҳӣ изҳор намуд, ки бо худ ҳудуди 2 млн рубл пули нақд дорад. Аммо дар санҷиши гумрукӣ шаҳрванди Тоҷикистон 2,9 млн рубл ва 3 ҳазору 500 доллар пешниҳод кард”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти гумруки Домодедово.

Гуфта мешавад, маблағи умумии пуле, ки ғайриқонунӣ интиқол меёфт, бо ҳисоби доллар 33 ҳазор доллари амрикоиро ташкил додааст.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯйи ин далел мутобиқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Русия корҳои таҳқиқу санҷиш гузаронда мешаванд.

Дар охир хотиррасон мешавад, ки мутобиқи қонунгузории гумруки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС) маблағи пулии баробар ба 10 ҳазор доллари ИМА бояд ҳатман тариқи хаттӣ бо эъломия ба расмият дароварда шавад.

Зимни бо эъломия ба расмият даровардани маблағи зиёда аз 100 ҳазор доллари ИМА ба мақомоти гумрук пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сарчашмаҳои даст овардани ин миқдор пул зарур аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст