Овозхони фавтидаи тоҷик Дамирбек Олимов бо суръати хеле баланд ҳаракат мекард

Сабабҳои садамае, ки бар асари он овозхони маъруфи тоҷик Дамирбек Олимов ҳалок шуд, баланд будани суръати ҳаракати автомашина ва гардиши хатарнок дар роҳ мебошанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари маркази матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Акбар Шарипов. Мақомоти тафтишот муайян кардааст, ки овозхон суръатро аз меъёри муқарраршуда то 100 км/соат баланд кардааст, ки ба […]

Сабабҳои садамае, ки бар асари он овозхони маъруфи тоҷик Дамирбек Олимов ҳалок шуд, баланд будани суръати ҳаракати автомашина ва гардиши хатарнок дар роҳ мебошанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари маркази матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Акбар Шарипов.

Мақомоти тафтишот муайян кардааст, ки овозхон суръатро аз меъёри муқарраршуда то 100 км/соат баланд кардааст, ки ба садама дар гардиши роҳ боис шудааст.

Бу гфтаи Шарипов, яке аз мусиқачии бар асари ин садама бистаришуда ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додааст, ки Дамирбек Олимов машрубот нӯшидагӣ набуд, лекин суръатро баланд карда, дар дасташ телефон мусиқӣ монданӣ буд.

Садама рӯзи 5 феврал тақрибан соати 01:40-и шаб рух дода, ҳангоми ҳаракат дар роҳи “Сомғор-Хуҷанд” дар мавзеи Боғи миллии “Ваҳдат” овозхон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар натиҷа мошин чаппа мешавад ва якчанд маротиба чарх мезанад.

Дамирбек Олимов аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ду мусофири дигари автомашина дар бемористон бистарӣ шуданд.

Як манбаи наздик ба сароянда ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки пеш аз садама Олимов дар як тӯй дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қарор доштааст.

Ҷасади Дамирбек Олимов рӯзи 5 феврал дар оромгоҳи Абӯбакри Сиддиқ дар ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) ба хок супурда шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...