“Хонаву шаҳрвандӣ медиҳанд”: Раёсати тандурустии Суғд далели ба муҳоҷират рафтани табибонро гуфт

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Мақомоти тандурустӣ дар вилояти Суғд дар шарҳи рӯй овардани табибони тоҷик ба муҳоҷират гуфтанд, бино ба мушоҳидаҳо аксари табибон баъди анҷоми барномаҳои махсус ва дарёфти  имтиёз ба гирифтани хона ва шаҳрвандӣ аз муҳоҷират баргашта истодаанд. Аммо оморӣ дақиқи табибони ба ватан баргашта гуфта нашуд.

Бино ба иттилои Раёсати тандурустӣ дар вилояти Суғд соли гузашта 183 табиб ба хотири муҳоҷирати меҳнатӣ, такмили ихтисос ва таҳсил ба кишварҳои хориҷа рафтаанд.

Ҳабибулло Муҳиддинов, сардори ин Раёсат зимни нишасти хабарӣ гуфт, қиме аз онҳо “баъди хатми ординатура ва ҳимояи рисолаи номзадӣ баргашта омада истодаанд”. Ӯ аз шумори дақиқи табибони аз муҳоҷират баргашта ёдовар нашуд, вале афзуд гурӯҳе аз табибон барои дарёфти имтиёз рӯй ба кишварҳои дигар меоранд.

“Муҳоҷират натанҳо дар соҳаи тандурусӣ, балки дар ҳамаи соҳаҳо ҳаст. Мушкили норасоии духтурон дар баъзе шаҳру ноҳияҳо мавҷуд аст, корбарӣ карда истодаем. Чи хеле, ки медонед барномаҳое, ки аз тарафи давлатҳои ҳамсоя барои ҷалби мутахассисон мавҷуд аст, аз ҷумла дарёфти шаҳрвандӣ ё гирифтани хона, аз он истифода бурда, баъдан бисёрашон аз рӯйи мушоҳидаҳо баргашта истодаанд”.

Мақомоти тандурустӣ муҳоҷрати табибон ба хориҷи кишварро аз чанд ҷиҳат муҳим низ мешуморанд. Аз ҷумла ба гуфтаи Ҳабибулло Муҳиддинов “тақрибан 30 дарсади табибоне, ки аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар мераванд дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷа аз такмили ихтисос мегузаранд ё рисолаи илмӣ ҳимоя мекунанд”.

Ба ақидаи ӯ гурӯҳе аз табибон, баъди ду соли хатми ординатура бо донишу таҷрибаи нав бармегарданд ва гурӯҳе барои омӯзиши баъзе намуди амалиёти ҷарроҳӣ рӯй ба кишварҳои хориҷӣ овардаанд, ки чунин намуди ҷарроҳӣ ё табобат дар Тоҷикистон мавҷуд нест.     

“Рафту омад шавад ба назарам ба соҳаи тандурустӣ, табобат ва ҷарроҳӣ дар мо манфиати худро мерасонад. Бисёрияшон рафта баргашта омада истодаанд ва дар як сол мо 397 табибро ба кор қабул кардем, байни онҳо аз муҳоҷират баргаштаҳо низ ҳастанд”,-гуфт, Ҳабибулло Муҳиддинов

Ҳарчанд сардори Раёсати тандурустӣ шумори дақиқи табибони аз кор рафта дар соли гузаштаро зикр накард, вале гуфт ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои Деваштич, Зафаробод, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Спитамен ба табибон ва кормандони миёнаи тиб ниёз аст.

Дар пайи мушкили норасоии табибон, раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба муҳоҷират рӯй овардани табибону омӯзгоронро ташвишовар хонд. Вай дар нишасти хабарӣ гуфт, соли гузашта 17 нафар пизижк тарки кор карда, 7 нафар аз онҳо ба муҳоҷиратӣ меҳнатӣ рафтанд. Боқимонда 5 нафар ҷойи кории худро иваз карда, 4 нафар ба кори дигар гузашта ва 1 нафар фавтидааст.

Дар шаҳри Бӯстон низ соли гузашта 25 нафар табиб бо сабабҳои гуногун тарки пеша карда, аз 25 нафар табибони тарки пеша карда 11 нафар ба Русия рафтаанд.

Дар пайи афзудани шумори тарки кор кардани табибон мақомот дар Суғд бунёди хонаҳои хидматӣ ба мутахассисони ҷавони соҳаи тандурустиро ваъда медиҳанд.

Раёсати тандурустӣ мегӯяд, дар назар аст боз барои ҳавасмандкунии табибони ҷавон аз буҷи мақомот маблағ ҷудо мешавад ва бо он маблағ табибонро барои такмили ихтисос ба кишварҳои хориҷ сафарбар мекунанд.

Вилояти Суғд яке аз бузургтарин вилоятҳои Тоҷикистон аст, ки ҳоло расман бештар аз 2,7 миллион аҳолӣ дорад. Ба гуфтаи мақомоти тандурустӣ ҳоло барои аҳолии вилоят  5304 табиб ва 18151 кормандони миёнаи тиббӣ хидмат мерасонанд, ки нишондиҳандаи таъминот бо табибон ба 10 ҳазор аҳолӣ 19,3 дарсад ва кормандони миёнаи тиб ба 65,9 дарсад баробар аст.

Ба иттилои Раёсати тандурустӣ, ҳоло дар бемористонҳои вилояти Суғд пеш аз ҳама ба табибони оилавӣ, анестезиолог, равонпизишк, наркологҳо ва физиотерапивтҳо ниёз аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...