Тими театри Конибодом нахустин онлайнкинотеатр дар Тоҷикистонро фаъол мекунанд

Рӯзи 1-уми март бори аввал онлайнкинотеатри «БАҲОР» фаъолияти худро шурӯъ мекунад. Ин онлайнкинотеатр аз сӯйи тими Театри давлатии драммаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом таъсис шудааст. Ғайрат Қодиров, директори театри мазкур дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, аз фардо дар онайн кинотеатри «Баҳор»  беҳтарин сериалҳои тоҷикӣ, филмҳои ҳунарӣ, филмҳои кӯтоҳ, комедияву драмаҳои ҷолибро тамошо кардан […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Рӯзи 1-уми март бори аввал онлайнкинотеатри «БАҲОР» фаъолияти худро шурӯъ мекунад. Ин онлайнкинотеатр аз сӯйи тими Театри давлатии драммаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом таъсис шудааст.

Ғайрат Қодиров, директори театри мазкур дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, аз фардо дар онайн кинотеатри «Баҳор»  беҳтарин сериалҳои тоҷикӣ, филмҳои ҳунарӣ, филмҳои кӯтоҳ, комедияву драмаҳои ҷолибро тамошо кардан мумкин аст.

Ӯ гуфт, ин тасмим дар ҳоле гирифта шуд, ки имрӯзҳо, ҳарчанд ҳамаи сокинони кишвар тақрибан ба шабакаи Youtube дастрасӣ доранд, аммо маҳсулоти эҷодии хушсифати ҳирфаӣ пешниҳод карда намешавад. Ва агар шавад ҳам хеле кам, – мегӯяд роҳбари театр.

Ҳоло ҳамин камбудиҳо ин ҳунармандонро водор намудааст, ки дар ҳамин онлайнкинотетар эҷодиёти худро бо сифати хуб нашр намоянд то ба дигарон намуна бошанд.

Ғайрат Қодиров инчунин илова кард, дар «Баҳор»  «танҳо филм, сериал – филмҳои кӯтох, филмҳои ҳуҷҷатии истехҳоли худи мо пахш мешавад. Филмҳо ба забони тоҷикӣ ва бо субтитри русиву англисӣ нашр мегарданд».

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки ҳоло якчанд лоиҳаҳо барои наворгирии сериалҳои иҷтимоӣ тарҳрезӣ шуда истодаанд ва айни замон онҳо алакай 5 филми кӯтоҳи иҷтимоии 10-15 дақиқаӣ омода кардаанд, ки аз 1 март нашр мешаванд.

– Мо таҷрибаи филмофарӣ дорему лекин дар ин шакл ба бинанда пешниҳод кардан таҷрибаи нав аст. Умед аст  дар оянда муваффақ гарида, аз ҷиҳати  иқтисодӣ тавонад худро тамин намояд. Ва аз мухлисон, ки ҳимояткунандагони мо дар ҳама ҳолат ҳастанд, умеди бештаре дорем, ки дар ин самт низ моро дастгирӣ хоҳанд кард.

https://www.youtube.com/watch?v=UC5b07Erb0ynXMH1ikjklBYA

Бояд гуфт, ки соли 2020 театри мазкур ба далели паҳн гардидани бемории коронавирус дар кишвар, барои ҳифзи тамошобинони худ, тасмим гирифта буданд, ки намоишҳои худро дар шакли онлайнӣ,  намоишҳои гуфторӣ (аудиоспектакл) ба василаи радиои шаҳрӣ ва пешниҳоди латифаву саҳнаҳои кӯтоҳи ҳаҷвии видеоӣ дар саҳфаҳои маҷозияшон, пешкаш кунанд.
Ғайрат Қодиров он замон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта буд, ки дар ҳақиқат онҳо барои тамшобинони худ дар давраи ҳамагирии вирус низ кору фаълият мекунанд, то онҳо аз театр дур нашаванд ва дар ин рӯзҳо аз фаъолияти онҳо тариқи онлайн баҳравар гарданд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.