Тоҷикистону ЮНЕСКО масъалаи фарогирии гурезаҳои афғонро бо таҳсил баррасӣ карданд

Муовини аввали вазири маориф ва илми Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода рӯзи 28 феврал дар Душанбе зимни вохӯрӣ бо намояндаи ЮНЕСКО дар соҳаи муҳоҷират, ҳолатҳои фавқулода ва маориф Хода Ҷаберли масъалаи фарогирии гурезаҳои афғонро бо таҳсил дар кишвар баррасӣ кард. Дар ин бора котиби матбуотии Вазорати маориф Эҳсони Хушбахт дар саҳифаи худ дар Facebook хабар медиҳад. Гуфта […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Муовини аввали вазири маориф ва илми Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода рӯзи 28 феврал дар Душанбе зимни вохӯрӣ бо намояндаи ЮНЕСКО дар соҳаи муҳоҷират, ҳолатҳои фавқулода ва маориф Хода Ҷаберли масъалаи фарогирии гурезаҳои афғонро бо таҳсил дар кишвар баррасӣ кард. Дар ин бора котиби матбуотии Вазорати маориф Эҳсони Хушбахт дар саҳифаи худ дар Facebook хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, Ҷӯразода бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки роҳбарияти Вазорат аз дастгирии ҳамешагии ЮНЕСКО дар амалӣ намудани барнома ва лоиҳаҳои рушди маорифи кишвар сипосгузор буда, минбаъд низ ҷиҳати рушди ҳамкориҳо чораҳои дахлдорро роҳандозӣ менамояд.

Дар ин замина яке аз масъалаҳое, ки дар қатори дигар масъалаҳои баррасишаванда мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон қарор гирифт, ҷалби гурезагони афғон ба таҳсил мебошад.

Таъкид шуд, ки бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта Вазорат дар доираи ваколатҳои ба зиммадошта ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани шаҳрвандони Афғонистон дар тамоми зинаҳои таҳсилот тадбирҳои судмандро андешида истодааст.

Ба иттилои манбаъ, намояндаи ЮНЕСКО Хода Ҷаберли дар навбати худ аз корҳои анҷомдодаи Вазорат дар самти фарогирии шаҳрвандони Афғонистон изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон, зикр кард, ки дар ҳолатҳои зарурӣ Дафтари ЮНЕСКО омода аст кӯмаки техникии худро расонад.

Тибқи маълумоти Раёсати Комиссари олии СММ оид ба умури гурезагон, то охири соли 2020 дар қаламрави Тоҷикистон 6,5 ҳазор гурезаҳо ва шахсони ҷӯяндаи паноҳгоҳ аз Афғонистон ба қайд гирифта шуда буданд. Аз моҳи январ то августи соли 2021, то замони қатъи парвозои байнулмилалӣ бо Афғонистон шумори гурезаҳо 2 баробар афзуда, ҳудуди 14 ҳазор нафарро ташкил дод.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.