Зане, ки тифли 2-моҳаро дар Душанбе дуздид, 9,5 сол равонаи зиндон шуд

Зане, ки моҳи ноябри соли гузашта кӯдаки думоҳаи як сокини шаҳри Душанберо дар дармонгоҳи №13 рабуда буд, 9,5 сол равонаи зиндон шудааст. Дар ин бора Додситони кулли Тоҷикистон дар як хабарнома иттилоъ медиҳад. Ин ҳодиса, ки рӯзи 30-юми ноябри соли 2021 рух дода буд, дар ҷомеа ва шабакаҳои иҷтимоӣ сару садои зиёдеро барангехт. Додситони кул аз […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Зане, ки моҳи ноябри соли гузашта кӯдаки думоҳаи як сокини шаҳри Душанберо дар дармонгоҳи №13 рабуда буд, 9,5 сол равонаи зиндон шудааст. Дар ин бора Додситони кулли Тоҷикистон дар як хабарнома иттилоъ медиҳад.

Ин ҳодиса, ки рӯзи 30-юми ноябри соли 2021 рух дода буд, дар ҷомеа ва шабакаҳои иҷтимоӣ сару садои зиёдеро барангехт.

Додситони кул аз ин зан Нигора Ахмедова ном бурдааст, ки 30 ноябри соли 2021 дар Маркази саломатии №13-и Душанбе бо роҳи фиреб фарзанди думоҳаи Манзура Назарова, як сокини шаҳри Душанберо рабуда, ба хешовандонаш гуфтааст, тифли навзод аз худи ӯст.

Ин ниҳод мегӯяд мегӯяд, Нигора Ахмедова бо Манзура Назарова ҳанӯз моҳи сентябри соли 2021 “шиносои пайдо карда, бо мақсади рабудани фарзандаш ба боварии номбурда даромада, худро ҳамчун инсони ростқавл ва кӯмакрасон нишон додааст”.

– Баъди бо роҳи фиреб барои дастпӯшак равон кардани Назарова аз фурсат истифода бурда, зидди иродаи номбурда пинҳонӣ фарзанди хурдсолаш Ҷалолов А.Ю.-ро рабуда, ғайриқонунӣ ба даст овардааст, – омадааст дар хабарномаи Додситони кул.

Дар идома гуфта мешавад, ки Ахмедова кӯдакро рабуда, акси тифлро ҳам гирифта, тавассути телефон ба шавҳари муҳоҷираш дар Русия фиристодааст.

Додситонӣ афзудааст, ки нисбати Нигора Ахмедова бо моддаи 130 қисми 2 банди “д” (одамрабоӣ) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, 20 январи соли 2022 Ахмедова бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Шоҳмнсур ба муҳлати 9 солу 6 моҳ равонаи зиндон шудааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 1 декабр Раёсати корҳои дохилии Душанбе аз пайдо шудани кӯдаки 2-моҳае, ки рӯзи 30-юми ноябр дар Душанбе дар назди дармонгоҳи рақами 13 (собиқи дармонгоҳи № 1) дуздида шуда буд, хабар дода гуфта буд, ки нафари гумонбар дар дуздии кӯдак ҳам боздошт шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.