Даргузашти асосгузори мактаби пӯстшиносии Тоҷикистон, академик Подабон Зоиров

Подабон Зоиров, табиби маъруфи бемориҳои пӯст, доктори илми тиб, узви вобастаи Акадмеияи илмҳои Тоҷикистон, субҳи имрӯз, дар сини 81-солагӣ бар асари беморие, ки дошт даргузашт. Дар ин бора наздикони марҳум хабар медиҳанд. Бино ба иттилои наздикони марҳум, маросими намози ҷанозаи ӯ, пас аз намози ҷумъаи имрӯз дар масҷиди марказии Душанбе баргузор мешавад. Подабон Зоиров, соли 1941 […]

Подабон Зоиров, табиби маъруфи бемориҳои пӯст, доктори илми тиб, узви вобастаи Акадмеияи илмҳои Тоҷикистон, субҳи имрӯз, дар сини 81-солагӣ бар асари беморие, ки дошт даргузашт. Дар ин бора наздикони марҳум хабар медиҳанд.

Бино ба иттилои наздикони марҳум, маросими намози ҷанозаи ӯ, пас аз намози ҷумъаи имрӯз дар масҷиди марказии Душанбе баргузор мешавад.

Подабон Зоиров, соли 1941 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таваллуд шуда буд. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро соли 1965 хатм мекунад ва яке аз мутахассисони барҷастаи бемориҳои пӯст дар Тоҷикистон ва кишварҳои Шӯравии собиқ буд. 

Ин табиби маъруф асосгузори мактаби пӯстшиносӣ (дерматология) дар тибби Тоҷикистон шинохта мешуд. Ӯро устоди ҳамаи табибони бахши бемориҳои уфунии пӯст ё дерматовенерология медонанд. Академик Зоиров дар бахшҳои эпидемиология, патогенез ва муолиҷаи дерматозҳои музмин ва бемориҳои венерикӣ низ тадқиқот ва дастовардҳои назаррасе дошт.

Ҳанӯз соли 1983 рисолаи докторияшро ҳимоя карда буд ва яке аз профессорҳои маъруфи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Сино буд. 

Ӯ солҳои 1970-1978 устоди Донишгоҳи тиббӣ, баъдан солҳои 1979-1980 ходими хурди илмӣ, аз соли 1983 то поёни умр мудири кафедраи бемориҳои пӯст ва венерикӣ  ва солҳои 1996-2005 ноиби ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар бахши корҳои илмӣ буд.

Дорандаи Ордени "Шараф" дараҷаи II ва Ҷоизаи байналмилалии ЭКО дар соҳаи илм ва фановариҳо (2000) буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.