Беқурбшавии рубл дар Тоҷикистон ҳамоно идома дорад

Қурби расмии рубли Русия нисбат ба арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ тайи рӯзҳои истироҳати сипаришуда ба андозаи боз 11,2% поин рафт. Мувофиқи қурби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), имрӯз, 7 март 1 рубл 0,0910 сомонӣ нарх дорад ва ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъаи охири ҳафтаи гузашта он ба 0,1025 сомонӣ баробар буд. Беқурбшавии […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қурби расмии рубли Русия нисбат ба арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ тайи рӯзҳои истироҳати сипаришуда ба андозаи боз 11,2% поин рафт.

Мувофиқи қурби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), имрӯз, 7 март 1 рубл 0,0910 сомонӣ нарх дорад ва ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъаи охири ҳафтаи гузашта он ба 0,1025 сомонӣ баробар буд.

Беқурбшавии рубл дар Тоҷикистон бо оғози даргириҳои мусаллаҳона байни Русия ва Украина – аз 24 феврал шурӯъ шуд. Дар ин давра қурби расмии рубл нисбат ба сомонӣ ба андозаи 35,7% поин рафт.

Қурби расмии доллар тайи ду сол инҷониб қариб бетағйир боқӣ мемонад – 11,30 сомонӣ барои 1 доллар.

Дар ҳамин ҳол, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори бонкҳои тиҷоратӣ ҳафтаи дуюм аст, ки ин навъи асъори серталаб фурӯхта нашуда, лекин бо камоли майл қабул карда мешавад. Дар ҳамин ҳол, қурби мубодилаи бонкҳо хеле аз ҳам тафовут доранд. Масалан, қурби хариду фурӯш дар бонкҳои кишвар имрӯз тариқи зайланд: “Бонки Эсхата” – мутаносибан 0,0882 сомонӣ ва 0,092 сомонӣ, “Ориёнбонк” – 0,1000 сомонӣ ва 0,1300 сомонӣ, “Спитаменбонк” – 0,1000 ва 0,1150 сомонӣ.

Қурби мубодилавии хариду фурӯши доллар дар аксари бонкҳо дар сатҳи 11,2800 – 11,3000 сомонӣ муқаррар шудааст.

Қобили зикр аст, ки беҳад беқурбшавии қурби рубл ба шиддат ёфтани хавфҳои геополитикии марбут ба ҷанг дар Украина ва таҳримҳои нави кишварҳои Ғарб алайҳи Русия маънидод мешавад. Қобили зикр аст, ки поинравии қурби рублро дар бонкҳои Тоҷикистон оилаҳои муҳоҷирони тоҷик, ки саробонашон дар Русия кор мекунанд, хеле дардовар қабул мекунанд. Ҳамчунин мебояд гуфт, аз соли 2016 бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон маблағҳои интиқол бо рубли Русия дар бонкҳои ҷумҳурӣ танҳо бо арзи миллӣ пас аз мубодилаи он бо қурби ҳамон лаҳза дода мешаванд. Агар то оғози амалиёти ҷангӣ дар Украина ба 1000 рубли русӣ дар бонкҳои Тоҷикистон 141 сомонӣ медоданд, пас имрӯз ба ҳамин миқдор маблағ ҳамагӣ 92 сомонӣ пардохт мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст