Дар Душанбе сартарошхонаеро ғорат кардаанд. Ду нафари қаблан судшуда гумонбар дониста мешаванд

Вазорати корҳои дохилӣ аз ғорат шудани як сартарошхона дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Ба гуфтаи ВКД ин кор рӯзи 10-уми март рух додааст. Сайти ВКД навиштааст, ки аз ин сартарошхона, воқеъ дар ноҳияи Синои Душанбе 5 роҳаткурсӣ, як роҳаткурсии калон, як донаи камераи назоратӣ ва дигар лавзимоти сартароширо дуздидаанд.  Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, бо гумони даст […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилӣ аз ғорат шудани як сартарошхона дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Ба гуфтаи ВКД ин кор рӯзи 10-уми март рух додааст.

Сайти ВКД навиштааст, ки аз ин сартарошхона, воқеъ дар ноҳияи Синои Душанбе 5 роҳаткурсӣ, як роҳаткурсии калон, як донаи камераи назоратӣ ва дигар лавзимоти сартароширо дуздидаанд. 

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, бо гумони даст доштан дар ин амал як марди 38-солаи сокинони пойтахт, ки пеш бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятӣ маҳкум шудааст ва марди 46-солаи дигари сокини Душанбе, ки аз ин қабл дар Русия бар асоси моддаи 158 Кодекси ҷиноятии ин кишвар маҳкум шуда будааст, дастгир шудаанд. 

ВКД зарари расида ин дуздиро 20 ҳазор сомонӣ гуфтааст. 

Ҳамчунин бино ба иттилои ВКД, Шуъбаи корҳои дохилӣ-1 ноҳияи Фирдавсӣ зани 28-солаи Душанберо боздошт кардааст, ки гӯё ӯ аз як зани сокини дигари пойтахт бо роҳи фиреб, барои фурӯш маҳсулоти атриёти занонаро бо арзиши 50 ҳазор сомонӣ гирифта, маҳсулотро фурӯхта, маблағашро барнагардонидааст.

ВКД ин зани боздоштшударо, ҳамчунин дар як ҳолати мушобеҳи дигар, муттаҳам медонад: "ҳамзамон номбурда бо роҳи фиреб ба боварии зани 31-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ барои фурӯш матоъҳои занонаро ба маблағи 44 ҳазору 600 сомонӣ гирифта, матоъҳоро фурӯхта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст".

Дафтари матбуоти ВКД менависад, ки тафтишоти ҳар ду ҳолат оғоз шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.