Дар шаҳри Турсунзода 12 хонавода аз қитъаҳои хатарнок ба маконҳои амн интиқол дода шуданд

Date:

Кӯчонидани хонаводаҳо муваққатӣ буда, он барои наҷоти ҳаёти одамон зарур аст. Ин қарор аз ҷониби Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Турсунзода қабул карда шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дод.

Дар қитъаҳое, ки мардум аз он ҷо кӯчонида шуданд, сел омад. Дар он ҷо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён дошта, зиёни расида ҳисобу китоб мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Деҳае дар ҷамоати Турсунзода

Бино ба маълумоти КҲФ, боронҳои пуршиддати рӯзи 13-уми марти соли равон сабабгори боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо ва лағзиши замин дар баъзе манотиқи кишвар шуданд.

Сатҳи об дар дарёву каналҳои Қаратоғ, Ширкент, Хоҷанақширон, Заркамар ва Муллошодӣ боло рафта хатари зери об мондани роҳи мошингард дар рустоҳои Заркамар, Янгибоғ, ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ.Раҳмонов ва деҳаҳои Навбаҳор, Хоҷанақширон ва Саройи ҷамоати деҳоти Регар, деҳаи Деҳваки ҷамоати деҳоти Работи шаҳри Турсунзода ба вуҷуд омад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Маҷрои сел

Ғайр аз ин, сел 25-30 метр соҳили рости селроҳаро дар қаламрави ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ.Раҳмонов шуст.

Бориш боиси баланд шудани сатҳи оби каналҳои Муллошодӣ ва Заркамар гардид, ки дар натича заминҳои киштзори хоҷагиҳои «Зарнисор», ба номи Меликмуродов, И.Ҳамзаев, инчунин роҳҳои деҳоти ба номи А. Ҷомй, Файзбахши ноҳияи Шахринав гардид. Дар ҳудуди деҳаи Дӯстӣ омадани сел ба қитъаи замин ва иншооти ёрирасони як сокини маҳаллӣ қисман хисорот ворид кардааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Деҳаи Навбаҳор дар шаҳри Турсунзода

Барои рафъи паёмадҳои офат ҳама қувваву воситаҳои воҳидҳои Системаи ягонаи давлатии бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия ба ҳам оварда шуданд. Техника ва воситаҳои дигар ҷалб карда шуда ва корҳои рафъи ин паёмадҳо идома доранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Гуфта мешавад, 13 март тахминан соати 21:33 сел ба таҳхонаи як бинои сеошёна, воқеъ дар қаламрави шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ даромад. Дар муддати кутоҳ оқибатҳои он бартараф карда шуданд.

Боронҳои пуршиддат боиси зери об мондани таҳхонаҳо дар хонаҳои хусусии №11, 13, 18, 12/1, 12/2,12/3, 12/3А, 12/4, 128 кӯчаи Ойгули маҳалли Аҳрории шаҳри Душанбе, ҳамчунин кӯчаҳои Айнӣ ва Абдуллобекови ноҳияи Синои пойтахти кишвар шуданд.

Барои бартараф намудани паёмадҳои ин офатҳо наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе бо иштирноки хадамоти дахлдори Ҳукумати пойтахт бо ёрии техникаи махсус обро аз  ин таҳхонаҳо берун кашида, хатари харобии хонаҳо пешгирӣ шуданд.

12 март боронҳои пуршиддат сабагори рониши замин дар деҳаи Муҷихарфи ноҳияи Нуробод шуда, қисман хонаи як истиқоматкунандаи русторо хароб кард. Комиссияи ҳолатҳои фавҷулодда мизони зарари расидаро месанҷад.

КҲФ бори дигар ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, то 20 март дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид идома меёбад. Боронҳои пуршиддат, раъду барқ, жола, барф дар баландкӯҳҳо афзоиш ёфта, дамои ҳаво гоҳ гарму гоҳ сард мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...