Оғози моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 2 апрел? Шӯрои уламо чӣ мегӯяд?

Интизор меравад дар Тоҷикистон 2-юми апрел расман оғози моҳи шарифи Рамазон эълон шавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим иттилоъ доданд. Бино ба иттилои манбаъ, бо эҳтимоли зиёд дар назар аст, ки моҳи Рамазаон 2 апрел оғоз гардад, вале  фардо рӯзи 29 март  дар ҷаласаи аъзои  Шӯрои уламои Маркази […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Интизор меравад дар Тоҷикистон 2-юми апрел расман оғози моҳи шарифи Рамазон эълон шавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, бо эҳтимоли зиёд дар назар аст, ки моҳи Рамазаон 2 апрел оғоз гардад, вале  фардо рӯзи 29 март  дар ҷаласаи аъзои  Шӯрои уламои Маркази исломии ҷумҳурӣ саънаи дақиқи моҳи шарифи Рамазон маълум ва эълон мешавад, – гуфтанд аз Кумитаи дин. 

Ин дар ҳолест, ки дар Душанбе ва бархе шаҳрҳои дигари Тоҷикистон аз чанд рӯз пештар тақвимҳои моҳи шарифи Рамазон нашр ва фурӯхта мешаванд, ки дар онҳо оғози Рамазон 2-юми апрел нишон дода шудааст.

Ҳамасола моҳи шарифи Рамазон 10 рӯз пештар аз соли гузашта фаро мерасад. Соли гузашта Шӯрои улмаои Тоҷикистон оғози Рамазонро 13-уми апрел эълон карда буд.

Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд. Моҳи Рамазон бо Ид Фитр ё Иди Рамазон ба анҷом мерасад, ки иди бузургу муҳими мусалмонон ба шумор меравад.

Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон, мутобиқи фармудаҳои дини ислом, ҳукми Худованд буда, мисли намозу закоту Ҳаҷҷ яке аз рукнҳои муҳими ислом мебошад.

Рӯза иборат аз худдорӣ намудан аз хӯрдан, ошомидан ва ҳамхобагӣ кардан аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб аст. Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон аҷру савоби бузург ва подоши бешумор дорад. Паёмбари гиромӣ рӯзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номида, фармудааст, ки «рӯза доштан танҳо нахӯрдану наошомидан нест, балки парҳез аз суханҳои ношоиста ва корҳои зишт низ мебошад».

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, TelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио