Дар Тоҷикистон ҷоизаи вижаи давлатӣ дар бахши синамо таъсис шуд. Номаш “Тоҷи Сомон”

Рӯзи 1 апрели соли 2022 дар шаҳри Душанбе нахустин маросими супурдани синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» бо шиори “Қадршиносии ҳунари асил” бо ширкати созандагони филмҳои ватанӣ баргузор мешавад. Дар ин бора “Тоҷикфилм” хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ки синамоҷоиза бо мақсади тарғиби дастовардҳои беҳтарини синамои миллӣ, тақвияти ҳамкориҳои синамогарони Тоҷикистон ва дастгирии ҷавонони боистеъдоди соҳа  баргузор гардида, […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Рӯзи 1 апрели соли 2022 дар шаҳри Душанбе нахустин маросими супурдани синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» бо шиори “Қадршиносии ҳунари асил” бо ширкати созандагони филмҳои ватанӣ баргузор мешавад. Дар ин бора “Тоҷикфилм” хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки синамоҷоиза бо мақсади тарғиби дастовардҳои беҳтарини синамои миллӣ, тақвияти ҳамкориҳои синамогарони Тоҷикистон ва дастгирии ҷавонони боистеъдоди соҳа  баргузор гардида, муассиси он ҳукумати Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» мебошанд.

Гуфта мешавад, ки дар озмун филмҳои ҳунарӣ, мустанад, бадеии кӯтоҳ ва тасвирии истеҳсоли ватанӣ, ки давоми солҳои 2019-2021 аз ҷониби филмофарони Тоҷикистон ба навор гирифта шудааст, муаррифӣ хоҳанд шуд.

– Маросими ҷоизасупории Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” бо дарназардошти барномаи фарҳангӣ ва иштироки васеи филмсозон 1-уми апрели соли 2022, соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад, – гуфтанд аз “Тоҷикфилм”.

Дар ҳоли ҳозир ҷузъиёти дигари ин ҷоизаи миллӣ дар бахши синамо маълум нест.

Ҳамчунин дар хабарномаи "Тоҷикфилм" гуфта нашудааст, ки филмҳо дар асоси чӣ интихоб ва соҳиби ҷозиа мешаванд. Тоҷикфилм ҳамчунин низомномаи ин ҷоизаро низ пешниҳод накардааст, ки дар кадом бахшҳо дода мешаванд.

Ҳамчунин гуфта нашудааст, ки арзиши ин ҷоиза чӣ қадар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио