АНМН Тоҷикистон барои тақвияти иқтидораш 900 ҳазор доллар мегирад

Шуъбаи мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии (INL) Сафорати ИМА, дар ҳамкорӣ бо СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC), ифтитоҳи лоиҳаи навро оид ба «Таҳкими иқтидори Агентии назорати маводи нашъаовар дар Тоҷикистон» (АНМН) эълон менамояд. Тавре ки сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар медиҳад, ин лоиҳа барои баланд бардоштани иқтидори шуъбаи […]

Asia-Plus

Шуъбаи мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии (INL) Сафорати ИМА, дар ҳамкорӣ бо СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC), ифтитоҳи лоиҳаи навро оид ба «Таҳкими иқтидори Агентии назорати маводи нашъаовар дар Тоҷикистон» (АНМН) эълон менамояд.

Тавре ки сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар медиҳад, ин лоиҳа барои баланд бардоштани иқтидори шуъбаи махсус ва ташхисгоҳи криминалистӣ, инчунин дигар шуъбаҳо ва бахшҳои Агентӣ мусоидат хоҳад кард.  Лоиҳаи мазкур тайи 24 моҳи оянда бо харҷи 900 ҳазор доллари амрикоӣ амалӣ карда мешавад.

Гуфта мешавад, ҳадафи асосии ин лоиҳа баланд бардоштани иқтидори Агентӣ дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддири нав ва пайдошаванда мебошад.  Инчунин бо истифода аз усулҳои махсуси тафтишотӣ барои вокуниши муассир, ҳангоми ошкор, тафтиш ва таъқиби ҷиноят, мусоидат менамояд.

Зикр мегардад, ки Аз соли 2003 инҷониб, шуъбаи INL барномаҳои гуногуни Агентиро барои таҳкими иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқии минтақа, тавассути расонидани кӯмаки техникӣ ба ҳукумати Тоҷикистон ва Агентӣ маблағгузорӣ ва амалӣ менамояд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.