Арабистони Саудӣ ба 600 ятими тоҷик ҳар моҳ $100 медиҳад. Ин пулро кӣ мегирад?

Арабистони Саудӣ дар доираи як созишномаи ҳамкорӣ барои 600 ятим дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ҳар моҳе 100 доллари амрикоӣ ёрии молӣ мерасонад. Ин кумакҳо аз сӯйи Маркази имдод ва ёриҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон расонида мешаванд. Дар доираи ин тарҳ ба 600 ятим дар минтақаҳои Бохтару Кӯлоб ва ВМКБ дар давоми як сол ёрии молӣ расонида […]

Арабистони Саудӣ дар доираи як созишномаи ҳамкорӣ барои 600 ятим дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ҳар моҳе 100 доллари амрикоӣ ёрии молӣ мерасонад. Ин кумакҳо аз сӯйи Маркази имдод ва ёриҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон расонида мешаванд.

Дар доираи ин тарҳ ба 600 ятим дар минтақаҳои Бохтару Кӯлоб ва ВМКБ дар давоми як сол ёрии молӣ расонида мешавад, ки ҳаҷми умумии ин ёриҳо $811,996 гуфта мешавад.

Ин тарҳро дар Тоҷикистон Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон пиёда мекунад. Дирӯз, дар қароргоҳи Сафорати  Саудӣ дар Душанбе, байни ин ниҳод ва Маркази имдод ва ёриҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон Созишномаи ҳамкории муштарак  ба имзо расид.

Сафири Подшоҳии Арабаистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид бин Абдурраҳмон ар-Рушайдон дар маросими имзои ин созишнома гуфт, ки лоиҳаи нав марҳилаи дувуми тарҳ буда, аз ин пештар ба 500 ятим ҳар моҳ 100 доллари амрикоӣ расонидани ёриҳоро оғоз кардаанд ва кунун бо илова шудани 600 ятими дигар, шумораи умумии гирандагони ин ёриҳо ба 1100 ятим расид.

Сафири Саудӣ дар посух ба нигарониҳо дар робита ба тақсими шафофу одилонаи ёриҳо гуфт, ки "Маркази имдоди Шоҳ Салмон таҷрибаи калони расонидани ёриҳоро дар сар то сари ҷаҳон дорад ва мо аз наздик пайгирӣ мекунем, ки ин ёриҳо дар воқеъ ба онҳое бирасад, ки фақиртаринанд ва ин ёриҳо ниёз доранд",-гуфт Валид бин Абдурраҳмон.

Баҳодур Қурбониён, Дабири кулли Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон гуфт, ки пулҳоро ба кӯдакони ятим тавассути кушодани корти бонкӣ ба онҳо мерасонанд.

Ба гуфтаи Қурбониён онҳо ятимонеро, ки ин ёриҳоро мегиранд дар асоси пешниҳоди ҳукуматҳои маҳаллӣ, ки аз сӯйи комиссияҳои босалоҳият баргузида шудаанд, интихоб мекунанд ва баъдан рӯйхати пешниҳодии ҳукуматҳои маҳаллиро бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дигарбора месанҷанд.

Ҳоло гуфта мешавад, дар доираи ин тарҳ ба 600 кӯдакои ятими дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Норак, Хуросон, Бохтар, Кушониён, Вахш, Леваканд, Ёвон, А.Ҷомӣ, Ҷ. Балхӣ, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритус, Панҷи вилояти Хатлон ва 100 нафар кӯдакои ятими шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнони ВМКБ ин ёриҳо расонида мешаванд

"Бори аввал 4 феврали соли 2020 миёни Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Маркази имдод ва ёриҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон, лоиҳаи «Сарпарастии ятимон дар Тоҷикистон» Созишнома ба имзо расида буд. Тавассути ин Созишнома ба 500 кӯдаки ятим дар 16 шаҳру ноҳияҳ вилояти Хатлон ҳар моҳ 100 доллари амрикоӣ дода шуд ва ин лоиҳа моҳи июли соли 2021 ба анҷом расид",-гуфт Баҳодур Қурбониён.

Ясир Алишаҳрӣ, намояндаи Маркази имдод ва ёриҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон дар ин маросим гуфт, ки онҳо барои Тоҷикистон расонидани ёриҳои бештари ашардӯстнаро дар назар гирифтаанд ва қарор аст ба наздикӣ нишасти сеюми Комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Саудӣ баргузор шавад, ки шеваҳои расонидани ёриҳо дар ин нишаст мушаххастар хоҳад шуд.

Алишаҳри гуфт, ки Маркази онҳо аз соли 2016 ба ин сӯ бо Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳамкориҳоро оғоз кардааст ва то кунун ба маблағи 12 миллион доллари амрикоӣ ёрӣ расонидаанд.

Ҳамчунин ба гуфтаи сафири Саудӣ дар Тоҷикистон чанд соли ахир аст, ки Маркази шоҳ Салмон ба Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон сабадҳои ғизоиро солона барои 9 ҳазору 600 хонаводаи ниёзманд пешниҳод мекунад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.